imd 2019_tj test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ЭЪЛОН: ТАМДИДИ МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРӢ ВА ОҒОЗИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ

Душанбе, 15-уми апрели соли 2019

Ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2019 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонем, ки бинобар то кунун зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30-юми апрел тамдид карда шуд. Муфассал...

МАҶМӮАҲОИ САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ БАРОИ ОМОДАГӢ БА ИМД ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ АСОСӢ (СИНФИ 9 УМ)

Душанбе, 15‑уми апрели соли 2019

Ба диққати шахсоне, ки дар соли 2019‑ум ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) дохил шудан мехоҳанд, расонида мешавад, ки гунаи электронии маҷмӯаҳои саволу масъалаҳои тест барои омодагӣ ба ИМД (шинос шудан бо навъи саволу масъалаҳои тест ва тарзи иҷрои он) дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/namunai-test/789-namunai-savolu-masalahoi-test2019.html) ҷойгир карда шудааст. Хотиррасон мекунем, ки дар ИМД-2019 дар доираи ҳар як субтест то 40%‑и саволу масъалаҳо аз ин маҷмӯаҳо истифода карда мешавад. Муфассал...

ЭЪЛОН: БАРҚАРОРСОЗИИ РАМЗИ КАБИНЕТИ ИНФИРОДӢ ТАВАССУТИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ

Душанбе, 10-уми апрели соли 2019

Ба диққати довталабоне, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд ё бо сабабҳои гуногун ба он ворид шуда наметавонанд, расонида мешавад, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродиашонро метавонанд бо фиристодани паёмак (SMS) аз телефони мобилиашон барқарор намоянд. Муфассал...

ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ РОҲБАР ВА ЁВАРИ РОҲБАРИ МАРКАЗИ ИМТИҲОНӢ

Душанбе, 9-уми апрели соли 2019

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ЭЪЛОНИ

озмун барои интихоби роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ

 

Мансаб: роҳбари маркази имтиҳонӣ (50 ҷой);

ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ (50 ҷой).

Муддати кор: 15 рӯз (аз 29-уми июн то 13-уми июл бо имкони тамдид).

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 32 нафар, н. Рашт – 2 нафар, ш. Хуҷанд – 10 нафар, ш. Истаравшан – 4 нафар, ш. Конибодом – 4 нафар, ш. Панҷакент – 2 нафар, н. Б. Ғафуров – 4 нафар, ш. Бохтар 12 нафар, ш. Кӯлоб – 10 нафар, н. Восеъ – 4 нафар, н. Данғара – 4 нафар, н. Кӯшониён – 2 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 4 нафар, н. Шаҳритус – 4 нафар, ш. Хоруғ – 2 нафар. Муфассал...

ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ МАЪМУРИ КАЛОН ВА МАЪМУРИ ИМТИҲОНИ МАРКАЗИ ИМТИҲОНӢ

Душанбе, 9-уми апрели соли 2019

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ЭЪЛОНИ

озмун барои интихоби маъмури калон ва маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ

 

Мансаб: маъмури калони маркази имтиҳонӣ (400 ҷой);

маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ (1600 ҷой).

Муддати кор: 15 рӯз (аз 29-уми июн то 13-уми июл бо имкони тамдид).

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 640 нафар, н. Рашт – 40 нафар, ш. Хуҷанд – 200 нафар, ш. Истаравшан – 80 нафар, ш. Конибодом – 80 нафар, ш. Панҷакент – 40 нафар, н. Б. Ғафуров – 80 нафар, ш. Бохтар 240 нафар, ш. Кӯлоб – 200 нафар, н. Восеъ – 80 нафар, н. Данғара – 80 нафар, н. Кӯшониён – 40 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 80 нафар, н. Шаҳритус80 нафар, ш. Хоруғ – 40 нафар. Муфассал...

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ ТРЕНЕРОН

Душанбе, 3-юми апрели соли 2019

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ЭЪЛОНИ

озмун барои интихоби тренерон

 

Мансаб: тренер (33 ҷой).

Муддати кор: 14 рӯз (аз 4-ум то 17-уми июн бо имкони тамдид)

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 10 нафар, н. Рашт – 1 нафар, ш. Хуҷанд – 4 нафар, ш. Истаравшан – 1 нафар, ш. Конибодом – 1 нафар, ш. Панҷакент – 1 нафар, н. Б. Ғафуров – 1 нафар, ш. Бохтар 4 нафар, ш. Кӯлоб – 4 нафар, н. Восеъ – 1 нафар, н. Данғара – 1 нафар, н. Кӯшониён – 1 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, н. Шаҳритус1 нафар, ш. Хоруғ – 1 нафар. Муфассал...

ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ

Душанбе, 20‑уми марти соли 2019

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо рӯзи 16-уми марти соли 2019-ум дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии президентӣ” дар шаҳри Душанбе олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро аз фанҳои равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ баргузор кард. Муфассал...

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона