ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН БА КОЛЛЕҶҲО ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ АСОСӢ (СИНФИ 9-УМ)

Душанбе, 28-уми феврали соли 2017

Ба диққати алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2017 расонида мешавад, ки қабули донишҷӯён дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) дар соли ҷорӣ тавассути низоми имтиҳонҳои мазкур ба роҳ монда намешавад.

Аз ин рӯ, шахсоне, ки хатмкунандаи синфи 9-уманд ё таҳсилоти умумии асосӣ доранду ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) дохил шудан мехоҳанд, тибқи тартиби солҳои пешин бояд ба комиссияи қабули муассисаҳои таълимии дахлдор муроҷиат намоянд. Хотиррасон менамоем, ки бақайдгирии чунин довталабон дар муассисаҳои таълимии мазкур аз моҳи июн оғоз мегардад.

ЭЪЛОН: ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА НАҚШАИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН

24-уми феврали соли 2017

Бо дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақшаи қабули донишҷӯён аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ва 14 ихтисоси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тағйирот ворид гардида, ба нақшаи қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ якчанд ихтисосҳои нав илова карда шуд.

Аз ин рӯ, ба шахсоне, ки бо истифода аз нусхаи чопии дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ихтисосҳоро аз ду донишгоҳи зикршуда интихоб кардаанд, тавсия медиҳем, ки бо тағйиру иловаҳои зикршуда тавассути сомонаи Марказ шинос шаванд. Инчунин хотиррасон менамоем, ки рӯйхати ихтисосҳо, ки дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шакли чопӣ истифода карда мешавад, бо назардошти тағйиру иловаҳои зикршуда омода гардидаанд.

НУҚТАҲОИ БАҚАЙДГИРӢ

Душанбе, 20-уми феврали соли 2017

Ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2017 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми феврали соли 2017, №341 рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур тасдиқ гардид.

Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон вобаста аз шаҳру ноҳияҳо дар соли 2017 ва ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон таҳия гардидааст, барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 29 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 33 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 21 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки бақайдгирии довталабон аз 1-уми марти соли ҷорӣ оғоз мегардад.

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Душанбе, 7-уми феврали соли 2017

6-уми феврали соли 2017 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти хабарии худро дар бинои Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ баргузор кард.

Дар нишаст директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Икромӣ Хуршед Икром, муовини аввали директори Марказ - Ҷаъфаров С.Ф., муовини директори Марказ - Раҳмонов М.Н., ёвари директори Марказ - Юлдошев А.Ш., сардорони шуъбаҳои Марказ ва намояндагони 25 васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Пресс-релиз