ЭЪЛОН: ТАМДИДИ МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРӢ ВА ОҒОЗИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ

Душанбе, 14-уми апрели соли 2016

Ба иттилои шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2016 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонем, ки бо назардошти дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон ва серодаму зиёд будани навбат дар нуқтаҳои бақайдгирӣ муҳлати бақайдгирӣ (даври асосӣ) то  30-юми апрел тамдид карда шуд.

Инчунин, тибқи ҷадвали тасдиқгардида аз 16‑ум то 30‑юми апрел даври 1‑уми азнавбақайдгирии довталабон баргузор мегардад. Вобаста ба ин, дар давраи аз 16‑ум то 30‑юми апрел раванди бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ ҳамзамон ба роҳ монда мешавад. Муфассал...

ЭЪЛОН

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ЭЪЛОН

Душанбе, 4-уми апрели соли 2016

оид ба интихоби кормандони муваққатӣ барои ташкил ва

баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озмун эълон мекунад

 

Мансаб: Роҳбари маркази имтиҳонӣ (46 ҷой)

Ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ (46 ҷой)

Муҳлат: 15 (понздаҳ) рӯз (аз 29-ум июн то 13-уми июл бо имкони тамдид) 

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 32 нафар, н. Рашт – 2 нафар, ш. Хуҷанд – 12 нафар, ш. Истаравшан – 4 нафар, ш. Конибодом – 4 нафар, ш. Панҷакент – 2 нафар, н. Б. Ғафуров – 2 нафар, ш. Қӯрғонтеппа – 12 нафар, ш. Кӯлоб – 12 нафар, н. Шаҳритус – 4 нафар, н. Данғара – 4 нафар, ш. Хоруғ – 2 нафар. Муфассал...

ЭЪЛОН

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ЭЪЛОН

оид ба интихоби кормандони муваққатӣ барои ташкил ва

баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озмун эълон мекунад

 

Душанбе, 4-уми апрели соли 2016

Мансаб: Маъмури калон ва маъмури имтиҳон (1769 вазифа)

Муҳлат: 15 (понздаҳ) рӯз (аз 29-уми июн то 13-уми июл бо имкони тамдид) 

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 640 нафар, н. Рашт – 40 нафар, ш. Хуҷанд – 240 нафар, н. ш. Истаравшан – 61 нафар, ш. Конибодом – 61 нафар, ш. Панҷакент – 40 нафар, Б Ғафуров – 40 нафар, ш. Қӯрғонтеппа – 240 нафар, ш. Кӯлоб – 240 нафар, н. Данғара – 61 нафар, н. Шаҳритус – 61 нафар,  ш. Хоруғ – 45 нафар. Муфассал...

ЭЪЛОН

Душанбе, 1-уми апрели соли 2016

Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табии-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ аз 2-юми апрели соли 2016 оғоз мегардад.

Рӯзи 2-юми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ-и шаҳри Душанбе олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология, география ва технологияҳои информатсионию коммуникатсионӣ баргузор мегардад. Муфассал...

Забонҳо

Намунаи тестҳо

КИТОБҲО

Ҷустуҷӯ дар сомона