ЭЪЛОН: ДАВРИ ДУЮМИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ

Душанбе, 9-уми июни соли 2016

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати он довталабоне, ки мехоҳанд гурӯҳи ихтисосҳо ва (ё) комбинатсияи ихтисосҳояшонро иваз кунанд, мерасонад, ки аз 10-ум то 19-уми июн даври дуюми азнавбақайдгирӣ баргузор мегардад. Муфассал...

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ КОРМАНДОНИ МУВАҚҚАТИИ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Душанбе, 30-юми майи соли 2016

Аз 1-ум то 11-уми июни соли ҷорӣ дар 15 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ баргузор хоҳад шуд. Курсҳои омӯзишии мазкур дар 20 нуқта тибқи барнома ва модули омӯзишӣ гузаронида мешавад. Муфассал...

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ МУТАХАССИСОНИ МАҲАЛЛӢ – ТАҲИЯГАРОНИ САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ

Душанбе, 27-уми майи соли 2016

Марказ ба нақша гирифтааст, ки барои омодагии хоҳишмандон ва санҷиши дониши онҳо тести онлайнро ба роҳ монад. Айни замон таҳия ва коркарди системаи мувофиқ дар арафаи анҷомёбист.

Ҳамзамон дар ин самт омода кардани мутахассисон барои такмили пойгоҳи додаҳои саволу масъалаҳои тест низ роҳандозӣ шуда истодааст. Вобаста ба ин, Марказ бо дастгирии Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон рӯзҳои 25-ум ва 26-уми майи соли равон дар Марказ семинари омӯзишии мутахассисони маҳаллӣ – таҳиягарони саволу масъалаҳои тестро баргузор кард. Муфассал...