ЭЪЛОН: ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД-2016

Душанбе, 22-юми июли соли 2016

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо мақсади таъмин ва риояи ҳуқуқ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ)-ии донишу маҳорати довталаб ба ӯ ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳонҳо дода шудааст. Қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар ИМД дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне рӯзҳои 25‑ум – 27‑уми июл дар бинои асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши минтақавии он дар шаҳри Хоруғ, муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Истаравшан, Данғара ва Рашт, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, ба роҳ монда мешавад. Муфассал...

ФЕҲРИСТҲОИ ИХТИСОСҲО: ШУМОРАИ ИМКОНПАЗИРИ ҲАДДИ АКСАРИ БАЛ АЗ ҲАР СУБТЕСТИ ҚИСМИ Б (ИМТИҲОНИ ИХТИСОС) ВА МУВОФИҚАТИ ДАСТОВАРДҲО БА ИХТИСОСҲО (ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ, ВАРЗИШ ВА ФАРҲАНГУ САНЪАТ)

Душанбе, 21-уми июли соли 2016

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мерасонад, ки феҳристҳои зеринро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд: Муфассал...

БАРҚАРОРСОЗИИ РАМЗИ ВОРИДШАВӢ БА КАБИНЕТИ ИНФИРОДӢ БО SMS-ПАЁМАК

Душанбе, 20-уми июли соли 2016

Ба диққати довталабоне, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд ё бо сабабҳои гуногун ба он ворид шуда наметавонанд, расонида мешавад, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродиашонро метавонанд бо фристодани SMS-паёмак аз телефони мобилиашон барқарор намоянд. Муфассал...

ЭЪЛОН: КОЭФФИТСИЕНТҲОИ ПЕШБИНИШУДА БАРОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ВОБАСТА АЗ НИШОНДИҲАНДАИ ТАЪМИНОТАШОН БО ТАБИБОН ВА КОРМАНДОНИ МИЁНАИ ТИБ

Душанбе, 15-уми июли соли 2016

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳру ноҳияҳо вобаста аз нишондиҳандаҳои таъминоташон бо табибон ва кормандони миёнаи тиб коэффитсиентҳоро муқаррар намуд.

Барои иттилооти муфассал ба шумо ду ҷадвал пешниҳод мегардад.

Дар ҷадвали 1 ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо табибон ба довталабони онҳо ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино коэффитсиент пешбинӣ шудааст. Муфассал...