ЭЪЛОН!

Душанбе, 4-уми июли соли 2017

Бинобар сабаби техникӣ калиди як масъалаи субтести математика барои гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (А.1) ғалат нашр шудааст. Варианти ислоҳшуда дар сомона гузошта шуд.

ЭЪЛОН!

Душанбе, 3-юми июли соли 2017

Дар варианти тоҷикии субтести математика барои гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (А.2) ҷавоби дурусти масъалаи зерин чоп нашудааст:

Агар дар рафи якум 84 китоб, дар рафи дуюм назар ба рафи якум 26 китоб бештар ва дар рафи сеюм назар ба рафи якуму дуюм 2 маротиба камтар китоб бошад, дар рафи сеюм чанд китоб ҳаст?

Бинобар ин ба ҳамаи довталабоне, ки масъалаи зикргардида дар саволномаи онҳо ҷой дошт, сарфи назар аз ҷавоби додаашон, 1-холӣ дода мешавад.

ЭЪЛОН!

Душанбе, 2-юми июли соли 2017

Бинобар сабаби техникӣ калиди як саволи субтести забони тоҷикӣ барои гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (А.1) ғалат нашр шудааст. Варианти ислоҳшуда дар сомона гузошта шуд.

ОҒОЗИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ-2017

Душанбе, 1-уми июли соли 2017

Имрӯз барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имтиҳони қисми А оғоз шуд. Дар ин имтиҳон иштироки зиёда аз 14 ҳазор довталаби азқайдгузашта дар назар аст. Дар соли 2017 теъдоди умумии довталабони азқайдгузашта зиёда аз 97 000 довталабро ташкил кардааст.

Имтиҳонҳои даври асосӣ аз 1-ум то 15-уми июли соли ҷорӣ дар 47 маркази имтиҳоние, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаст, дар 14 шаҳру ноҳияи интихобӣ баргузор мегарданд. Рӯйхати нишонии марказҳои имтиҳонӣ дар сомонаи расмии Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Муфассал...