Эълон: Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ”

      Эълон: Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” ба маълумоти хонандагони синфҳои 10-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ мерасонад, ки баъд аз эълони натиҷаи имтиҳонҳо (1 августи соли 2013) нафарони аз натиҷаи имтиҳон норизо метавонанд дар давоми 48 соат ба Комиссияи апеллятсионии Маркази миллии тестӣ бо ариза муроҷиат намоянд. Аризаи хонанда тавассути намояндаи Маркази миллии тестӣ дар шуъбаҳои минтақавӣ қабул ва ба Комиссияи апеллятсионии Маркази миллии тестӣ фиристода мешавад.

            Комиссияи апеллятсионии Маркази миллии тестӣ дар давоми  7 рӯз аризаи хонандаро баррасӣ намуда, аз натиҷаи он тавассути намояндаи Маркази миллии тестӣ дар шуъбаҳои минтақавӣ ба аризадиҳанда хабар медиҳад.

            Телефонҳо барои тамос: дар шаҳри Душанбе – (98) 731-00-61, дар шаҳри Қӯрғонтеппа – (98) 731-00-62, дар шаҳри Хуҷанд – (98) 731-00-63, дар шаҳри Хоруғ – (98) 731-00-64.

ММТ дар ярмаркаи солонаи таҳсилотӣ иштирок намуд

Душанбе, 22 апрел бо ибтикори Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2013 дар маркази “Вефа”-и шаҳри Душанбе ярмаркаи солонаи таҳсилотии 2013 доир гардид.  Муфассал...

Ҳафтаи якуми бақайдгирӣ ба анҷом расид

Душанбе, 22 апрел ҳафтаи якуми бақайдгирии хоҳишмандон барои иштирок дар Озмоиши калони низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Мутобиқи маълумотҳои омории шуъбаи идора ва қабули тести Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар давоми ҳафтаи якуми давраи бақайдгирӣ дар 7 нуқтаи бақайдгирӣ, ки аз тарафи ММТ дар чор минтақаи ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, ва Хоруғ таъсис дода шудааст, зиёда аз 3638 нафар хоҳишмандон аз қайд гузаштанд. Лозим ба тазаккур аст, ки шумораи зикргардида 61 фоизи шумораи умумии иштирокчиёни банақшагирифтаро ташкил медиҳад. Шумораи зиёди хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Қӯрғонтеппа ба қайд гирифта шудааст. Хоҳишмандон таваҷҷуҳи зиёд ба тахассусҳои кластери 5 (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) дода истодаанд. Муфассал...

1827 нафар хоҳишмандон аз қайд гузаштанд

  Дар давоми 3 рӯзи бақайдгирӣ зиёда аз 1827 нафар хоҳишмандон барои иштирок дар Озмоиши калони низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 нуқтаи бақайдгирӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” дар чор минтақаи ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, ва Хоруғ таъсис дода шудааст, аз қайд гузаштанд. Лозим ба тазаккур аст, ки шумораи зикргардида 30 фоизи шумораи умумии иштирокчиёни банақшагирифтаро ташкил медиҳад. Шумораи зиёди хоҳишмандон дар ду нуқтаи бақайдгирӣ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа таъсис дода шудааст, ба қайд гирифта шудааст. Таваҷҷуҳи зиёди хоҳишмандон ба тахассусҳои кластери 5 (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) мушоҳида карда мешавад. Муфассал...

Забонҳо

Намунаи тестҳо

КИТОБҲО

Ҷустуҷӯ дар сомона