ТАВАҶҶУҲ !!!

Ба диққати роҳбарони ВОСИТАҲОИ АХБОРИ УМУМ расонида мешавад, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” дар доираи Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои   таҳсилоти   олии   касбии   Ҷумҳурии   Тоҷикистон   аз 15  то   22-юми   июни   соли   2013  дар  7  маркази  имтиҳонӣ,  ки  дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе – 2 марказ, Хуҷанд – 2 марказ, Қӯрғонтеппа – 2 марказ, Хоруғ – 1 марказ) таъсис дода шудааст, имтиҳонҳоро доир менамоянд. Муфассал...

Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ”

ЭЪЛОН

           Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” ба маълумоти хонандагони синфҳои 10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ мерасонад, ки аз 15 то 22 июни соли 2013 давраи супоридани имтиҳонҳо баргузор мегардад.

Муфассал...

Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ”

ЭЪЛОН

  Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” ба маълумоти хонандагони синфҳои 10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ мерасонад, ки аз 15 то 22 июни соли 2013 давраи супоридани имтиҳонҳо баргузор мегардад. Муфассал...

Дар чор минтақаи ҷумҳурӣ семинар-тренингҳо гузаронида шуд

Душанбе, 05 июни соли 2013 – Аз 13 то 31-уми майи соли ҷорӣ дар чор минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва Хуҷанд) семинар-тренингҳои омӯзишӣ барои хоҳишмандоне, ки тибқи эълони пешакӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни интихоби вазифаҳои роҳбар, ёвар, маъмури калон ва маъмури имтиҳонии марказҳои имтиҳонӣ ҳуҷҷат супорида буданд, доир гардид. Дар рафти семинар-тренингҳои омӯзишӣ 280 нафар хоҳишмандон иштирок варзиданд. Семинар-тренингҳои омӯзишӣ дар асоси модул ва барнома тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар анҷоми семинар-тренингҳои омӯзишӣ барои мустаҳкам намудани маводди омӯзишӣ ба иштирокчиёни семинар-тренинг видеоролики омӯзишӣ намоиш дода шуд. Муфассал...

Забонҳо

Намунаи тестҳо

КИТОБҲО

Ҷустуҷӯ дар сомона