Эълон!

Душанбе, 21-уми ноябри соли 2014

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Намунаҳои саволу масъалаҳои тестӣ дар сомонаи расмии Марказ ҷой дода шудаанд.

Лозим ба қайд аст, ки намунаҳои мазкур тестҳои намунавии соли гузашта ва тестҳоеро, ки соли ҷорӣ дар ИМД истифода шудаанд, дар бар мегиранд. Муфассал...

Баррасии натиҷаи ИМД-2014 дар Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе, 21‑уми ноябри соли 2014

18‑уми ноябри соли ҷорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ баргузор гардид. Муфассал...

Семинар-машварати муштарак

Душанбе, 21‑уми ноябри соли 2014

14‑уми ноябри соли 2014 дар маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар доираи Шӯрои ректорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид семинар-машварат баргузор гардид. Муфассал...

Эълон дар бораи бақайдгирӣ барои қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Душанбе, 31 октябри соли 2014

Бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба гурӯҳҳои пулакии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев қабули донишҷӯён ба донишгоҳи мазкур ба роҳ монда мешавад.

Вобаста ба ин, аз 3-юм то 8 ноябри соли 2014 бақайдгирии довталабон доир мегардад. Хоҳишмандон метавонанд, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ сабти ном гарданд ва дар имтиҳонҳо иштирок карда, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси натиҷаҳои бадастоварда тақсимот шаванд. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирӣ: Муфассал...