Эълон

Душанбе, 19-уми марти соли 2015

Ба диққати довталабон!

Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2015 тақсимоти такрории довталабон ба муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта нашудааст.

Вобаста ба ин, тасвия медиҳем, ки аз ҳуқуқи ба шумо додашуда истифода карда, 12 ихтисосро интихоб намоед. Зеро ин имконияти дар озмуни тақсимот муваффақ гардидани довталабонеро, ки холҳои гузаришро аз ҳамаи субтестҳо соҳиб мегарданд, афзун мекунад. Муфассал...

Муроҷиатномаи махсус

МУРОҶИАТНОМАИ МАХСУСИ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба пешгирии амалҳои номатлуб дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи 

дохилшавӣ – 2015

Душанбе, 16-уми марти соли 2015

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабон, падару модарони онҳо ва тамоми алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро огоҳ менамояд, ки ба монанди соли гузашта тамоми раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур  ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, дониш ва маҳорату малакаи довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда мешавад. Мутмаин бошед, ки имкони дахолати беруна ва тақаллуб дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷой надорад ва Марказ барои пешгирӣ аз ҳар гуна ниятҳои нопок ва амалҳои номатлуб дар ин раванд тамоми тадбирҳои амалиро меандешад. Муфассал...

Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2015

Душанбе, 2-уми марти соли 2015

Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2015 оғоз шуд. Дар асоси таҳлилҳо оид ба шумораи умумии хатмкунандагон ва бо мақсади таъмини дастрасии хоҳишмандон барои аз қайд гузаштан дар 24 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 26 нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда шуд. Муфассал...

Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2015

Душанбе, 25-уми феврали соли 2015

Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 170 (яксаду ҳафтод) сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Тибқи тартиби муқарраргардида ятимони кулл ва бепарасторон, ки хоҳиши иштирок дар имтиҳонҳои мазкурро доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд. Довталабоне, ки ё падар ё модарашон вафот кардаанд, барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ танҳо 50 дарсади маблағи муайяншударо 85 сомонӣ пардохт мекунанд. Муфассал...