МАСЪАЛАИ СУБОТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР АДАБИЁТИ ТОҶИК

Душанбе, 12-уми январи соли 2018

Адабиёти ҳар миллат яке аз унсурҳои муҳими ифодакунандаи афкору андешаи он ба шумор меравад. Адабиёти тоҷик ба унвони беназиртарин адабиёт, муаррифгари андешаҳои солиму созанда ва башардӯстонаи фарзандони фарзонаи миллат ба ҷаҳониён аст, ки гӯяндагонаш ҳамвора ҳамдиливу меҳрубонӣ ва оромишу суботи оламро талқин менамуданд. Муфассал...

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТӢ

Душанбе, 10-уми январи соли 2018

Дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласа баргузор гардид. Рӯзномаи ҷаласа ба фаъолияти муассисаи мазкур дар соли 2017 дахл кард.

Ҷаъфаров С.Ф., муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи фаъолияти яксолаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод. Дар ҳисобот мавсуф оид ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Марказ бо таҳлилу қиёсгузориҳо, бурду бохти муассиса дар соли 2017 маълумоти муфассал дода, вобаста ба он камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро зикр кард. Муфассал...

ОБОД КУНЕМ, ХИЁНАТ НАКУНЕМ...

Душанбе, 4-уми январи соли 2018

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Ин мисраҳо асрори баланди истиқлолпарастӣ ва озодандеширо таҷассум мекунанд. Миллати точик баъд аз ҳазор сол, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибдавлат пазируфта шуд. Вале душманони ин миллат монанди роҳбарон ва аъзоени гурӯҳи террористии ҲНИТ бо чашми рашку ҳасад ва дили пур аз буғзу кина, бо найрангу дасиса мехоҳанд як гурӯҳ чавононро дар хориҷи кишвар фиреб карда, ба ҳамин васила манфиатҳои ғаразноки худро пиёда созанд. Муфассал...

БА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ САНГИ МАЛОМАТ МЕЗАНАНД...

Душанбе, 2-юми январи соли 2018

Воқеан ҷои шукргузорист, ки мо имрӯз дар Ватани тинҷу ором ва фазои ваҳдату якдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунем. Аз ҷониби дигар, боиси таассуф аст, ки баъзе аз шахсони бевиҷдон нисбати ин давлату миллат носипосӣ карда, ба қадри неъмати осоиштагӣ ва хонаи ободу ором намерасанд ва ба Ватани муқаддаси худ аз хориҷ санги маломат мезананд.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳизби мамнуи наҳзати ислом аз замони фаолияташ, аз номи исломи пок баромад карда, худро ҳамчун ҳимоятгари ислом нишон медод. Ва ба ин васила мардумро ба худ ҷалб мекард. Аммо мардум аз дасисабозиву авомфиребии онҳо бехабар буданд. Бояд қайд намуд, ки саркардагони ҳизби мамнуи мазкур дар чеҳраи манфури Эшони Қиёмиддин, ки таблиғгари асосии ҷанги шаҳрвандӣ буд, аз сатҳи баланди хурофотпарасатӣ ва зудбоварии мардум сӯистифода бурда, ҳазорон ҷавонону навниҳолонро бо роҳи фиреб қурбон намуданд. Муфассал...