imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

КОРРУПСИЯ – МУШКИЛИ РӮЗ

Душанбе, 22-юми феврали соли 2019

korrupsiyaДар толори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид, ки дар рӯзномаи он масъалаҳои марбут ба мубориза бо коррупсия ҷой дошт. Ҷаласа тибқи банди якуми Нақшаи чорабиниҳои барномаи идоравии зиддикоррупсионии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 оид ба “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” доир гардид.

Дар маҷлиси мазкур намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдукарим Маҷидӣ, сарнозири сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Бойдод Хушвақт – нозири сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии мазкур суханронӣ карда, ба ҳозирон дар бораи аҳаммияти санаду қонунҳои қабулгардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ва мубориза бо коррупсия, масъалаи бисёр изтиробангез будани фасоду ришва дар кишвар ва умуман, дар сайёра, саҳми Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани он дар мамлакат ва ғайра сухан карданд. Абдукарим Маҷидӣ, аз ҷумла, қайд кард, ки масъалаи мубориза бо фасоду ришва ва амалҳои дигари коррупсионӣ танҳо вазифаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, балки рисолати ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ низ ҳаст. Бетарафӣ зоҳир кардан нисбат ба ҷинояту ҷинояткорӣ боиси афзоиши ҷинояту амалҳои номатлуб дар ҷомеа мегардад.

Икромӣ Хуршед – директори Марказ хеле муҳим будани масъалаҳои дар ҷаласа баррасишударо қайд карда, таъкид намуд, ки ҳар яки мо вазифадорем, ки дар татбиқи стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо коррупсия саҳмгузор бошем. Азбаски кормандони муассисаи мо бо ҷомеа алоқаи доимӣ ва густарда доранд, барои тарғибу таблиғ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза коррупсия” ва асноду қонунҳои дигар имкону шароити беҳтарро дороем, - гуфт Икромӣ Хуршед.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона