imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ТАВСИЯ БА ДОВТАЛАБОН ҲАНГОМИ БАҚАЙДГИРӢ

Душанбе, 18-уми феврали соли 2019

Ба таваҷҷуҳи онҳое, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки бояд ҳангоми интихоби ихтисосҳои тиббӣ бо номгӯйи бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта аз рӯйи баъзе ихтисосҳои тиббӣ ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ надоранд, шинос шаванд. Рӯйхати чунин бемориҳо, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст (аз 25-уми сентябри соли 2018, № 475), дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва сомонаи Марказ гузошта шудааст (замимаи 5-ум дар “Роҳнамои довталаб”). Таъкид менамоем, ки дар ҳолати гирифтории довталаб ба яке аз ин бемориҳо муассисаи таълимӣ ҳуқуқи қабули ӯро надорад.

Довталаб ихтисосҳои интихобкардааш ва ё ҳар гуна маълумоти дигарро тағйир додан хоҳад, онро танҳо дар давраҳои азнавбақайдгирӣ ба амал оварда метавонад.

Ҳангоми интихоби гурӯҳи ихтисосҳо ва комбинатсияи ихтисосҳо донишу маҳорати худ, ҷойҳои ҷудошуда дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи қабул ва талаботи бозори меҳнатро ба эътибор гиред. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки бинобар гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум ва 2-юмро камтар интихоб кардани довталабон холҳои гузариши фаннӣ ва бали гузариш дар онҳо нисбат ба ихтисосҳои гурӯҳҳои ихтисосҳои дигар пасттар буд. Бинобар ин, бештари довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум ва 2-юмро интихобкарда холҳои гузариши фанниро ба даст оварда тавонистанд ва дар озмуни тақсимот низ комёб шуда, донишҷӯй гардиданд. Баръакс, дар гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм, 4-ум ва 5-ум нисбат ба гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум ва 2-юм довталабони зиёд холҳои гузариши фанниро ба даст оварда натавонистанд. Инчунин, як қисми довталабони холҳои гузариши фанниро бадастовардаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм, 4-ум ва 5-ум, ки шумораашон назаррас аст, ҳатто бо балҳои баланд аз озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ берун монда, донишҷӯй нашуданд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона