ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВА КОРРУПСИЯ – САДДИ РОҲИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Душанбе, 6-уми феврали соли 2018

Дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Марказ) бо иштироки кормандони он ҷаласа баргузор гардид, ки дар рӯзномаи он масъалаҳои марбут ба мубориза бо терроризму экстремизм ва коррупсия ҷой дошт.

Дар ҷаласаи мазкур маърӯзаю музокираҳо асосан оид ба фаъолияти Марказ барои иҷрои вазифаҳо дар доираи ду ҳуҷҷати муҳим – “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва “Стратегияи муқовимат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коррупсия барои солҳои 2013-2020” шунида шуд.

Сардори шуъбаи ташкил ва идораи имтиҳон Саидов П. Ҳ. маърӯза карда, оид ба хатарҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм ба ҷомеаи башарӣ, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мубориза бар зидди он, корҳои анҷомдодаи Марказ дар ин самт ҳарф зад. Лозим ба қайд аст, ки дар давоми моҳҳои октябр – ноябри соли 2017 кормандони Марказ дар доираи корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ барои омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 бо 29421 нафар хатмкунанда, 1645 нафар омӯзгор ва 1633 нафар падару модари хатмкунандагони 28 шаҳру ноҳия, 441 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ вохӯриҳо доир намуда, ба алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ таъкид мекунанд, ки гирифтори фиреби ашхоси қаллоб нашаванд, барои дохил шудани фарзандони худ ба муассисаҳои таълимии касбӣ ба чунин ашхоси қаллоб пора надиҳанд, баръакс, агар чунин далелҳоро донанд, ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумоти кормандони Марказ дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм 30-юми ноябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Марказ вохӯрии кормандони муассиса бо иштироки намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, – гуфт Саидов П. Ҳ.

Ҳамчунин, сармутахассиси ҳуҷҷатҳои махфӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии Марказ Дилошӯб Нуриддин Исозода баромад карда, аз ҷумла, қайд намуд, ки коррупсия ва мубориза бар зидди он решаҳои хеле қадимӣ дорад. Мутаассифона, мавҷудияти коррупсия дар қатори терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир ба яке аз масъалаҳои доғи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Имрӯзҳо дар дунё кишваре нест, ки ба ин мушкил рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он мубориза набарад. Тоҷикистон низ аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун яке самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро дар ин самт ташаккул дод. Марказ низ бо такя бо заминаҳои ҳуқуқӣ барои гирифтани садди роҳи коррупсия, терроризм ва экстремизм саҳми худро мегузорад, – гуфт Исозода Д.

Маърӯзакунандагон баъдан ба суолҳои аҳли маҷлис посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар ҷаласа директори Марказ Икромӣ Хуршед хеле муҳим будани масъалаҳои баррасишударо қайд карда, таъкид намуд, ки ҳар яки мо вазифадорем, ки баҳри рушди тафаккури насли наврас ва ҷавонон, тақвияти зиракии сиёсии худ ва фарзандон, огоҳсозии ҷавонон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар ҳангоми корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ, саъй намоем, онҳоро аз пайомади падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир – терроризм ва экстремизм воқиф созем. Баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҷавонон яке аз омилҳои асосии пешгирии гаравиши ҷавонон ба ифротгароӣ ва гурӯҳҳои тундрав аст, зеро пеш аз ҳама, дур будан аз донишу маърифат ва бехирадию тангназарии ҷавонон боиси гумроҳии онҳо, даст задан ба терроризму экстремизм ва дар ниҳоят, доғдор шудани ному талх гаштани ҳаёташон мегардад.