БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТӢ

Душанбе, 10-уми январи соли 2018

Дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласа баргузор гардид. Рӯзномаи ҷаласа ба фаъолияти муассисаи мазкур дар соли 2017 дахл кард.

Ҷаъфаров С.Ф., муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи фаъолияти яксолаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод. Дар ҳисобот мавсуф оид ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Марказ бо таҳлилу қиёсгузориҳо, бурду бохти муассиса дар соли 2017 маълумоти муфассал дода, вобаста ба он камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро зикр кард.

Пасон Сайфиддин Давлатзода баромад карда, аз фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришуда изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ, бахусус матлабҳои оморию таҳлилиеро, ки Марказ дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маводи ёрирасон ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мефиристад, шоёни тавсиф номида, гуфт, ки чунин маводу матолиб барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мусоидат хоҳад кард.  Сайфиддин Давлатзода ҳамчунин зарурати рафъи баъзе камбуду норасоиҳоро дар фаъолияти Марказ таъкид карда, изҳор дошт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди рушди бештари соҳаи маориф, беҳбуд бахшидани сифати таълим дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, баланд бардоштани мақому нуфузи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар бояд саъю талош кард.

Сардорони шуъбаҳои Марказ ва чанде дигар аз аҳли ҷаласа низ пиромуни маърӯзаю музокирот ибрози назар карда, пешниҳоду дархостҳояшонро барои беҳбуди фаъолияти минбаъдаи Марказ арз намуданд.