ОБОД КУНЕМ, ХИЁНАТ НАКУНЕМ...

Душанбе, 4-уми январи соли 2018

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Ин мисраҳо асрори баланди истиқлолпарастӣ ва озодандеширо таҷассум мекунанд. Миллати точик баъд аз ҳазор сол, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибдавлат пазируфта шуд. Вале душманони ин миллат монанди роҳбарон ва аъзоени гурӯҳи террористии ҲНИТ бо чашми рашку ҳасад ва дили пур аз буғзу кина, бо найрангу дасиса мехоҳанд як гурӯҳ чавононро дар хориҷи кишвар фиреб карда, ба ҳамин васила манфиатҳои ғаразноки худро пиёда созанд.

Бо шарофати ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат ниҳоли душмании бадхоҳони миллат, ки дар замини муқаддаси кишвари мо шинонда буданд, аз беху бун барканда шуд.

Чи тавре ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш таъкид намуданд, мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал ҷавонон бояд аз он ҳодисаҳои пурфоҷиаи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сабақ гиранд ва масъулияти худро дар назди Ватан, миллат ва давлат фаромӯш насозанд.

Тамоми таълимотҳои диниву дунявии ҷаҳонӣ мафҳуми Ватанро дар мавкеи аввал мегузоранд. Ҳамаи динҳои осмонӣ, аз ҷумла дини ислом низ дӯст доштани Ватанро ҳамеша таблиғ мекунад.

Дини мубини Ислом ҳамеша мардумро ба дӯст доштан, обод кардан, аз байн бурдани нифоқ, тақвияти дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва донишомӯзӣ даъват менамояд. Худованд дар ояи дувуми сураи"Моида" фармудааст: "Ва бар некукорӣ ва парҳезгорӣ ба якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам ба якдигар мадад макунед." Дар корҳои нек ҳамкорӣ кардан маънои дастгири ҳамдигар будан ва баҳри сулҳу суботи ҷомеа, тинҷию амонӣ талош карданро дорад.

Як хислати муҳими инсони мусалмон инсондӯстӣ ва ҳамдигарфахмӣ мебошад. Пайгамбари Худо (с) мефармояд: "Мусалмони комил касест, ки мардум аз дасту забонаш дар амон бошанд". Пас ҳар кас забон ва дасти худро аз озор ва азияти дигарон бояд нигоҳ дорад. Дини мубини Ислом ҳамеша пайравонашро ба раҳмату шафқат, дӯстӣ бо дигарон ва риоя намудани ҳуқуқи мардум даъват кардааст.

Дар ғояҳои башардӯстона ва инсонпарваронаи ин дини мубин, эҳтироми хар фард новобаста аз мансубияти динӣ ва миллиаш таъкид шуда ва дар хусуси зулму ситам, фасодкориву душманӣ ва тафриқа ҳушдор дода шудааст.

Ҳамчунин дини мубини Ислом ба халку Ватан садоқат доштанро қадр мекунад. Ҳар як инсон Ватанашро дӯст дорад ва бо корҳои нек ва амалҳои барои ҷомеа манфиатбахш онро обод намояд.

Расули Худо (с) дар хутбаи таърихии худ, дар “ҳаҷҷатулвадоъ” ба тамоми мардум хитоб карда гуфт: "Эй мардум, Парвардигори Шумо яктост, падари шумо яктост, ҳамаи шумо аз Одам (а) ҳастед ва Одам аз хок офарида шудааст" Дар ин хадис иттиҳоду ҳамбастагии мардум таъкид шудааст, модоме ки чунин аст, пас ягона роҳ баҳри ободиву сарсабзии Ватан дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмию шафқат ва донишомӯзӣ мебошад.

Мо тоҷикон хушбахтем, ки Ватан дорем ва Ватани мо Тоҷикистон аст.

Ҳар шаҳрванд бояд ба Ватану миллат, фарҳангу маданият ва зиндагии осоиштаи мардуми он хиёнат накунад. Чун хиёнат дар ислом гуноҳест, басо азим.

Саидмухтор Саидалиев,

имомхатиби масчиди чомеи ба номи Эшони Саидалии Султони шаҳри Ҳисор

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/411).