БА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ САНГИ МАЛОМАТ МЕЗАНАНД...

Душанбе, 2-юми январи соли 2018

Воқеан ҷои шукргузорист, ки мо имрӯз дар Ватани тинҷу ором ва фазои ваҳдату якдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунем. Аз ҷониби дигар, боиси таассуф аст, ки баъзе аз шахсони бевиҷдон нисбати ин давлату миллат носипосӣ карда, ба қадри неъмати осоиштагӣ ва хонаи ободу ором намерасанд ва ба Ватани муқаддаси худ аз хориҷ санги маломат мезананд.  

Таърих гувоҳ аст, ки ҳизби мамнуи наҳзати ислом аз замони фаолияташ, аз номи исломи пок баромад карда, худро ҳамчун ҳимоятгари ислом нишон медод. Ва ба ин васила мардумро ба худ ҷалб мекард. Аммо мардум аз дасисабозиву авомфиребии онҳо бехабар буданд. Бояд қайд намуд, ки саркардагони ҳизби мамнуи мазкур дар чеҳраи манфури Эшони Қиёмиддин, ки таблиғгари асосии ҷанги шаҳрвандӣ буд, аз сатҳи баланди хурофотпарасатӣ ва зудбоварии мардум сӯистифода бурда, ҳазорон ҷавонону навниҳолонро бо роҳи фиреб қурбон намуданд.

Тарафдорони ин ҳаракати ифротгаро дар хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет кӯшиш доранд, андешаи ҷавононро халалдор карда, дар дили онҳо кинаву адоват ва ҳисси бадбиниро нисбати давлату миллати худ ҷой диҳанд. Мутаассифона, онҳо ба дастовардҳои рӯзафзуни Ватани азизамон назар накарда, ба танқиду носипосӣ даст мезананд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳи террористии ҲНИТ аз солҳои аввали фаъолияташ характери моҷароҷуӣ дошт, онҳо фитнаву ошуб ва ихтилофҳоро дар байни мардуми мусалмон ба миён овараданд. Бо гуфтани суханони дурӯғ ва шиори он ки ҳар касе, ки дар Ҳизби наҳзат нест ба қавли онҳо гуё, ки мусулмон нест, мардумро ба моҷароҳои сиёсӣ гирифтор намуданд. Шарм накарда, аз Худо натарсида, Қиёмиддини иғвогар бо далелҳои дурӯғини худ, гӯё аз шариат ҳарф мезанад, мисол оварда, “ҳар кӣ ба майдони шаҳидон намеояд, занаш талоқ мешавад” мегуфт. Ба ин васила, мардуми авомро ба сели фитна ворид намуда буд.

Роҳбарони ташкилоти террористии ҲНИТ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ роҳеро меҷустанд, ки мардумро ноором созанд ва байни онҳо фитна андозанд.

Боиси тазакур аст, ки роҳбарону пайравони ҲНИТ фаолияти худашро бо роҳи пинҳонӣ тибқи ақидаҳои ваҳобияву шиа амалӣ намуда, одамонро гумроҳ мекарданд ва солҳои 90- ум мардумро ба майдонҳо даъват намуда, сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ гаштанд. Таърих гувоҳ аст, ки ҷанг чӣ бадбахтие болои ин миллат овардааст.

Ба ҳамаи амалҳои ғайриинсонии худ иктифо накарда, моҳи сентябри соли 2015 ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо мушоракати генарали хиёнаткор Ҳоҷӣ Ҳалим ва худи Кабирӣ кушиш кард, то авзои ҷомеаро бори дигар ноором карда, табадулотеро ба вуҷуд орад. Хушбахтона, ба мақсади нопокашон нарасиданд. Онҳо чун мор заҳри худро пинҳон дошта, фурсат меҷустанд, то ба пои миллат неш зананд. Мавриди зикр аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу тинҷӣ мехоҳад ва дигар фиреб намехӯрад.

Бояд қайд намуд, ки ҲНИТ пайваста барои барҳам задани амнияту осоиштагӣ ва оромии миллати тоҷик ҳаракат мекард. Баромадҳои роҳбарияти ҳизби мамнуи ҲНИТ ва хусусан Муҳидин Кабирӣ аз хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ- интернетӣ далели ин гуфтаҳост.

Тарафдорони ҳизби мамнуи ҲНИТ дар хориҷа дар оғуши хоҷагони худ пинҳон шуда, бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ мехоҳанд, ки гурӯҳҳои тундраверо аз ҷавонони мо ба миён оварда, ҳамон амалҳои номатлуби террористиву экстремистиро барои нооромии миллати тоҷик татбиқ намоянд.

Як чизро бояд тазакур кард, ки ҳодисаҳои бавуҷудомадаи Сурия ва Ироқ ба ҳама маълум аст, ки он ҷавононе, ки дар ҷангҳои давлатҳои мазкур иштирок доранд, тавассути ҳизбҳои тундрав мисли ҲНИТ ҷалб шудаанд. Онҳо ҷавононе, ҳастанд, ки маърифати илмӣ ва ҳисси ватандӯстиву миллии худро аз даст дода, ба доми фиреб афтодаанд.

Ваҳдату якпорчагии мардум амри зарурист ва тамоми амалҳои неки инсоният дар натиҷаи суботу оромии ҷомеа ҷомаи амал мепӯшад. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҳар кас бояд номуси ватандорӣ дошта, ба ватану миллати худ содиқ бошад, дар ҳифзи амнияту оромӣ, пешравию шукуфоии он саҳми худро гузорад.

Мехостам дар охир қайд намоям, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба хусус ҷавонон якдилу якзабон бошанд ва сулҳу салоҳро мисли гавҳараки чашм нигоҳ доранд.

Холиддин Матинов,

мудири шуъбаи ҷавонони Донишкадаи исломии Тоҷикистон

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/409).