МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ БАЛҲОИ ГУЗАРИШ АЗ РӮЙИ КОМБИНАТСИЯҲОИ ИХТИСОСҲО ТИБҚИ НАТИҶАҲОИ ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ АСОСИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ ДАР СОЛИ 2017

Душанбе, 22-юми декабри соли 2017

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шинос кардани шахсони хоҳишманд бо балҳои гузариш аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳо тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2017 маълумотро дар ин бора дар сомонаи Марказ ҷойгир кард. Лозим ба қайд аст, ки ҷадвалҳо барои ҳар як муассисаи таълимӣ таҳия гардида, маълумотро дар бораи шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида ва озмун барои 1 ҷой аз рӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисос низ дар бар мегирад. Озмун барои 1 ҷой аз рӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисос аз рӯйи таносуби шумораи умумии интихобҳо тибқи натиҷаҳои ду марҳалаи бақайдгирӣ (асосӣ – аз 1-уми март то 30-юми апрел ва иловагӣ – аз 12-ум то 30-юми июн) ва шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида ҳисоб карда шудааст. Масалан, тибқи нақшаи қабули донишҷӯён барои комбинатсияи ихтисоси “1790103 – эпидемиология, гигиена ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ” шакли таҳсили рӯзона ва намуди таҳсили ройгон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 21 ҷой ҷудо гардида буд ва шумораи умумии довталабоне, ки дар марҳалаҳои асосӣ ва иловагии бақайдгирӣ ин комбинатсияи ихтисосро интихоб карда буданд, ба 5124 нафар баробар аст. Ҳамин тариқ, озмун барои 1 ҷой аз рӯйи ин комбинатсияи ихтисос 244 нафарро ташкил медиҳад.

Хотиррасон мекунем, ки бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисос бали умумие аст, ки бо ҷамъ кардани балҳои аз қисми (ё қисмҳои) дахлдор ва бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёзҳо) бадастовардаи довталаби дар доираи шумораи ҷойҳои нақшаи қабули донишҷӯён ҷудокарда аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян аз ҳама охир тақсимотшуда ҳосил мегардад. Бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисос пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он тибқи ҳар як комбинатсияи ихтисос танҳо пас аз тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян маълум мегардад. Масалан, агар комбинатсияи ихтисоси дар боло зикргардидаро гирем, бо назардошти бартарии интихобҳо аз шумораи умумии довталабони комбинатсияи ихтисоси зикршударо интихобкарда, ки 5124 нафарро ташкил медод, 21 нафари нисбат ба довталабони дигар балҳои баланддошта гузаронида шуда, бали довталаби аз ҳама охир – 21‑ум (зеро тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳ аз рӯйи ин комбинатсияи ихтисос 21 ҷой ҷудо гардидааст) тақсимшуда 379,6672-ро ташкил дод.

Бояд таъкид кард, ки бали гузариш тибқи ҳар як комбинатсияи ихтисосҳо ҳеҷ гоҳ барои довталаб наметавонад ҳамчун як роҳнамо барои интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо бошад, зеро бали гузариш аз рӯйи як комбинатсияи ихтисос дар ҳар озмуни тақсимот гуногун аст (ҳамчунин ҳар сол). Масалан, бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 123010203 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (ҳиндӣ - англисӣ) таҳсилаш рӯзона ва пулакӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ 237,8929 буду дар озмуни тақсимоти такрорӣ ба 304,8984 баробар шуд, яъне баланд гардид. Баръакс, бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 102030702 – забони хориҷӣ (хитоӣ), информатика, таҳсилаш рӯзона ва ройгон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ 338,1926 буду дар озмуни тақсимоти такрорӣ ба 297,6980 баробар шуд, яъне паст гардид. Ҳамчунин бали гузариш мутобиқи комбинатсияи ихтисоси 123010203 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (ҳиндӣ - англисӣ) таҳсилаш рӯзона ва пулакӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2016 ба 296,5698 ва дар соли 2015 ба 333,5114 баробар буд.

Вобаста ба ин, ҳангоми интихоби комбинатсияи ихтисосҳо ба назар гирифтани бали гузариши қаблии онҳо метавонад боиси ба иштибоҳ роҳ додани довталаб гардад. Аз ин рӯй, тавсия дода мешавад, ки довталаб барои роҳнамоӣ дар интихоб на балҳои гузариш аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳоро тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти солҳои пешин, балки таносуби шумораи умумии интихобҳо аз рӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисосҳо ва шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён барои ин комбинатсия ҷудогардидаро дар соли баргузории имтиҳон ба назар гирад. 

Хотиррасон менамоем, ки ҳамасола дар раванди бақайдгирӣ маълумоти оморӣ дар бораи шумораи довталабони бақайдгирифта дар бахши “Ҳисоботи даврӣ”-и сомонаи Марказ ҷой дода мешавад. Марказ маълумоти омории бақайдгириро вобаста ба: шаҳру ноҳияҳо; интихоби муассисаҳои таълимӣ; дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён ва интихоби ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ таҳия карда, мунтазам дар сомонаи худ ҷойгир менамояд. Маълумоти оморӣ вобаста ба шаҳру ноҳияҳо, интихоби муассисаҳои таълимӣ ва дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён ҳар рӯз ва вобаста ба интихоби ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ дар давоми ҳар 15 рӯз дар сомона ҷойгир карда мешавад.

Мақсад аз мунтазам дар сомонаи Марказ ҷойгир кардани маълумоти омории рафти бақайдгирӣ роҳнамоӣ кардани довталабон барои интихоби дурусти гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ва комбинатсияи ихтисосҳо аст. Яке аз ҳадафҳои ба роҳ мондани азнавбақайдгирӣ низ ҳамин буд, ки довталабон маълумоти омории рафти бақайдгириро ба назар гирифта, дар хусуси гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ва комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон хулосаи дурусту қатъӣ бароранд.