ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Душанбе, 2-юми декабри соли 2017

Рӯзи 30-юми ноябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Марказ дар мавзӯи “Мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм” вохӯрӣ бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Икромӣ Х. И. – директори Марказ дар аввал баромад карда, дар бораи огоҳсозии ҷавонон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар ҳангоми корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир – экстремизм ва терроризм маълумот дод. Икромӣ Х. И. қайд кард, ки соли ҷорӣ корҳои иттилоърасонӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо аз моҳи октябр оғоз гардида, дар рафти он ба ҳар як иштирокдор дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ки барои амалисозии ҳадафҳои нопоки худ ҷиҳати ҷалби ҷавонон аз роҳу воситаҳои гуногун истифода мекунанд, иттилоъ дода мешавад ва дар бораи аҳамияти илму дониш ҳамчун як роҳи пешгирӣ аз афтодан дар доми чунин ҳизбу ҳаракатҳо таъкидҳо карда мешавад.

Сипас дар мавзӯи мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи муфассал карда, дар бораи ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ва роҳу равишҳои пешгирию мубориза бо онҳо маълумот дод. Корманди Кумитаи мазкур инчунин, қайд кард, ки омилҳои зерин ба болоравии сатҳи ҷинояткорӣ ва ба осонӣ ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои терорристию экстремистӣ гаравидани ҷавонон мусоидат менамояд:

- дараҷаи пасти донишҳои дунявӣ, мувофиқат накардани тасаввуроти илмӣ-дунявӣ нисбат ба ҷаҳонбинии динии наврасону ҷавонон;

- пурзӯршавии таъсири идеологияи динӣ ва тавассути он маҳдуд гардидани хусусиятҳои фарҳанги миллӣ;

- ба муҳтаво ва самтгирии вазъи идеологияи тахрибӣ пурра мувофиқат накардани шаклу усул ва мантиқи кори фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо;

- ба таври қолабӣ, пастмазмун, рӯякӣ ва забонзада таҳия шудани барномаҳои радио, телевизион, чорабиниҳои соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг;

- номувофиқатии усули муборизаи иттилоотӣ бо асли таҳдид, шакл ва тарзи кори мухолифони сохти конститутсионӣ;

- тағйири таносуби аҳамияти иҷтимоии пешвоёни дин (дар масҷид, маҳалла, деҳа, ноҳия, шаҳр) нисбат ба зиёиён;

- аз лиҳози шумора, сифати сохтмон, шароити кори идеологи, умуман мувофиқат накардан ва дар таносуб қобили муқоиса набудани инфрасохтори идеологии деҳа, маҳалла, шаҳрак, ҷамоат, ноҳия, шаҳр, вилоят нисбат ба имкониятҳои тарғиби идеологияи динӣ, ки асос ва меҳвари пайдоиши ҷаҳонбинии ифротиро ташкил медиҳад;

- зери таъсири мубаллиғони созмонҳои террористию экстремистӣ қарор гирифтани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар шароити кишварҳои беруна;

- қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ тавассути сарҳади давлатӣ.

Дар баробари ин, корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аҳамияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, инчунин тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба нафъи ҷомеа будани риояи онҳо маълумот дод.

Директори Марказ дар охири ҷаласа қайд намуд, ки дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои иттилоърасонӣ ва ҷалби бештари ҷавонон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ба идомаи таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ яке аз роҳҳои муассир барои пешгирӣ аз экстремизм ва терроризм ба ҳисоб меравад. Марказ барои анҷом додани ин корҳо доимо чораҳои зарурӣ меандешад.