ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Душанбе, 30.11.2017

Рӯзи 28.11.2017 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ин муассиса вохӯрӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Икромӣ Хуршед Икром – директори Марказ сухан карда, аз ҷумла дар бораи тартиби қабули шаҳрвандон аз ҷониби кормандон дар Марказ ва бахшҳои он, андешидани чораҳои зарурӣ барои роҳ надодан ба амалҳои номатлуб қайд кард. Ӯ оид ба принсипҳои асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла таъмини шаффофият ва адолат дар он, ки барои пешгирӣ аз ҳама амалҳои коррупсионӣ, бахусус фасоду қаллобӣ, аҳамияти муҳим дорад, тазаккур дода, таъкид намуд, ки ин масъала ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Марказ қарор дорад.

Дар низоми ИМД барои аз байн бурдани ҳар гуна амалҳои номатлуб, бахусус барои ба ҳадди ақал расонидани таъсири омилҳои инсонӣ дар равандҳои гуногун чораҳои зарурӣ андешида шуда, бо ин мақсад шароит ва имкониятҳои созгор фароҳам оварда шудааст. Сохтани кабинети инфиродӣ барои ҳар як довталаб ва дар он ҷой додани маълумот аз давраи бақайдгирӣ то эълони натиҷаҳо, ба таври мунтазам дар сомонаи Марказ ҷойгир кардани маводу матлабҳои гуногун ва додани иттилооти саривақтӣ вобаста ба ҳар як давру марҳила аз ҷумлаи онҳоянд. Ба ин қонеъ нашуда маъмурияти муассиса пайваста ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ, тақвияти одобу рафтори накӯи кормандон; таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии батанзимоварандаи фаъолияти ин ниҳод ва истифода аз технологияҳои муосир ва худкорсозии равандҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад, тазаккур дод Икромӣ Х.

Турсунзода Шодком Худоймурод – муовини сардори раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ баромад карда, қайд кард, ки коррупсия имрӯз ҳамчун яке аз мушкилоти замони муосир ва зуҳуроти манфии дорои хусусияти миллию байналмилалӣ аст ва ба яке аз масъалаҳои глобалии ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин масъала аксари давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест.

Қайд карда шуд, ки Созмони милали муттаҳид бо мақсади мусоидат барои андешидан ва таҳкими чораҳое, ки ба муборизаи муассир бо коррупсия равона гардидааст, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсияро қабул кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зери ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузоштааст ва он аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) карда шудааст. Вобаста ба ин, санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор ба талаботи конвенсияи мазкур мутобиқ гардонида шудаанд.

Номбурда афзуд, ки бар зидди коррупсия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Инчунин аз ҷониби Турсунзода Ш.Т. моҳияти мафҳумҳоеро, амсоли порагирӣ, миёнаравӣ, қаллобӣ шарҳ дода, дар робита ба он санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёдовар шуд.

Номбурда қайд намуд, ки пиромуни Марказ ва имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баъзе овозаҳо аз ҷониби шахсони нопоку қаллоб, ки аслан бо Марказ алоқае надоранд, гоҳ-гоҳе ба гӯш мерасанд. Ҳар як корманди Марказ барои доғдор нашудани номи худ ва коргоҳашон покдилона фаъолият карда, ҷиҳати огоҳ кардани довталабон ва падару модарони онҳо аз низом ва фирефтаи чунин шахсон нагардиданашон корҳои иттилоърасонию тафсириро дар сатҳи баландтар бояд ба роҳ монанд.

Қайд карда шуд, ки мақсад аз чунин нишасту вохӯриҳо баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини шаффофият ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ аст.