БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА БА МУНОСИБАТИ ДУ РӮЗИ ТАЪРИХӢ

Душанбе, 17-уми ноябри соли 2017

Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати тозаистиқлоли мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Ин суханонро директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ дар ҷаласае, ки рӯзи 16.11.2017 ба муносибати 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент доир гардид, изҳор намуд. Ҷаласа дар толори Маркази миллии тестӣ бо ширкати кормандони муассисаи мазкур баргузор гардид.

Х. Икромӣ, аз ҷумла тазаккур дод, ки дастовардҳои баъдинаи халқу давлати тоҷик аз татбиқи қарорҳои таърихии иҷлосияи мазкур оғоз ёфтанд. Имрӯз, бо гузашти бисту панҷ сол, барои мо имконият фароҳам омадааст, ки ин рӯйдоди таърихиро мавриди таҳлили амиқи илмӣ қарор дода, барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи кишвар ва дурнамои тараққиёти он хулосаҳои зарурӣ барорем.

Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ муайян намуда, давлати моро аз хатари аз байн рафтан ва миллатамонро аз пароканда шудан наҷот бахшид, зеро эҳёи давлатдорӣ ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ аз масъалаҳои меҳварии таърихи муосири мо ба шумор мерафт ва бе мавҷудияти давлати миллии мустақил амалӣ гардидани орзуву ормони деринаи халқи тоҷик ва ҳадафу барномаҳои ҳукумати кишвар ғайриимкон буд, – таъкид намуд мавсуф.

Дар ҷаласа сипас сармутахассиси фанни таърихи ин муассиса Р. Абдуллоев оид ба нақши таърихии иҷлосияи мазкур ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории навини тоҷикон маърӯзаи муфассал кард.

Баъдан кормандони Маркази миллии тестӣ ба музокира баромада, фикру андешаи хешро пиромуни мавзӯи баррасишаванда баён сохтанд. Дар музокираҳо ин нукта асосан иброз гардид, ки таъмини сулҳу амнияти ба ивази ранҷу заҳматҳои зиёд бадастомада, саҳми босазо гузоштан дар рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои кишвар вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат аст.