СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК БАРОИ ТАФТИШ ВА АРЗЁБИИ КОРИ ХАТТИИ ИШТИРОКДОРОНИ ОЗМОИШИ ЭССЕ

Душанбе, 2-юми октябри соли 2017

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани кори хаттӣ (эссе – иншои мухтасар) ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 31 август то 1 сентябри соли 2015 ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баён доштанд, корҳои заруриро анҷом дода истодааст.

Аз ҷумла, Марказ тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14‑уми сентябри соли 2017, № 3863 рӯзи 15-уми октябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби 10 ҳазор нафар хонандаи синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмоиши калони кори хаттӣ (эссе)-ро баргузор менамояд.

Дар доираи корҳои омодагӣ ба озмоиш рӯзи 2-юми октябри соли равон гузаронидани семинар барои омӯзонидан ва омода намудани омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, ки кори хаттии иштирокдорони озмоишро тафтиш ва арзёбӣ менамоянд, оғоз гардид. Дар семинарҳо, ки то 10-уми октябр идома меёбанд, 175 нафар омӯзгор аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва ноҳияи Рӯдакӣ иштирок менамоянд.

Дар семинар омӯзгорон тарзи навиштан, тафтиш ва холгузорӣ ба кори хаттӣ (эссе) аз рӯйи меъёрҳои муайяншударо меомӯзанд ва метавонанд таҷрибаи гирифтаашонро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ татбиқ намоянд.

Лозим ба қайд аст, ки Марказ бо мақсади шинос кардани хатмкунандагоне, ки дар озмоиш иштирок мекунанд, “Тавсияҳо оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе)”-ро омода ва бо теъдоди беш аз 10000 нусха ба чоп расонид. Маводи мазкур ба таври ройгон ба ҳар як иштирокдори озмоиш пешакӣ тақсим карда мешавад.