ЭЪЛОН: ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ИЛОВАГИИ ДОВТАЛАБОН (ТАҚСИМОТИ 3-ЮМ)

Душанбе, 31-уми августи соли 2017

Дар доираи ҷойҳои тибқи комбинатсияҳои ихтисосҳо баъд аз озмуни тақсимоти асосӣ ва такрории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён холимонда озмуни тақсимоти такрории иловагии довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 доир карда мешавад.

Дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ довталабони зерин ҳуқуқи иштирок карданро доранд:

1) довталабоне, ки холҳои гузаришро аз ҳамаи субтестҳо ва қисмҳои дахлдор соҳиб шуда, ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанду лекин тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ (03.08.2017) ва такрорӣ (26.08.2017) аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардиданд;

2) довталабоне, ки аз рӯйи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ (03.08.2017) комёб гардидаанду бинобар сабабҳои гуногун барои аз қайди муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гузаштан дар муҳлати муқарраргардида (то 15.08.2017) ба муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд ва тибқи озмуни тақсимоти такрорӣ ҷойҳои онҳо банд шудааст. Чунин довталабон бояд дар ин хусус на дертар аз 2-юми сентябр ба Марказ ариза пешниҳод намоянд. 

Барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ довталаб бояд ба яке аз нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ, ки рӯйхаташон дар зер оварда шудааст, муроҷиат карда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз нав худро номнавис кунад. Азнавбақайдгирии довталабон барои иштирокашон дар тақсимоти такрории иловагӣ аз 4-ум то 6-уми сентябр доир карда мешавад.

ТАВАҶҶУҲ! Ба довталабоне, ки аз рӯйи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ (03.08.2017) комёб гардидаанду бо сабабҳои гуногун барои аз қайди муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гузаштан дар муҳлати муқарраргардида (15.08.2017) ба муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд, дар сурати банд нашудани ҷойҳояшон тибқи озмуни тақсимоти такрорӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ва қабулашон ба муассисаҳои таълимии дахлдор аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшудаашон иҷозат дода мешавад. Чунин довталабон бояд дар ин хусус на дертар аз 2-юми сентябр ба Марказ ариза пешниҳод намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқарраргардида довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география) ҳуқуқи интихоб кардани комбинатсияҳои ихтисосҳоро танҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон доранд.

Довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш):

- агар аз субтестҳои дахлдори қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб гардида бошанд, комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд, дар доираи (а) гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон ё (б) гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ё (в) 2-юм (иқтисод ва география) интихоб карда метавонанд;

- агар аз субтестҳои дахлдори қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос), инчунин аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) ва (ё) аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардида бошанд, дар доираи (а) гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд ва (ё) комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва В (ё) Г-ро талаб менамоянд ё (б) гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ё (в) 2-юм (иқтисод ва география) комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани имтиҳони қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд, интихоб карда метавонанд;

- агар аз субтестҳои дахлдори танҳо қисми А (имтиҳони умумӣ) ва аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардида бошанд, дар доираи танҳо гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд, интихоб карда метавонанд.

Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки тибқи онҳо баъд аз озмуни тақсимоти асосӣ ва такрории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷойҳои холӣ мондаанд, барои интихоби довталабон дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.


РӮЙХАТИ

нуқтаҳои азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2017

(тақсимоти 3-юм)

Р/т

Муассисае, ки нуқтаи азнавбақайдгирӣ дар он ҷойгир аст

Нишонӣ

Шаҳри Душанбе

1.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 9

2.

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 71-и ба номи Юсуф Акобиров

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ, 265/1

Ноҳияи Рашт

3.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ба номи Хоҷа Абдулхайров

ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27

Вилояти Суғд

4.

Гимназияи № 24-и ба номи Бобоҷон Ғафуров

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19-ум

Вилояти Хатлон

5.

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи А. Ҳомидов

шаҳри Кӯрғонтеппа, кӯчаи Дзержинский, 17

6.

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

7.

Бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хоруғ

шаҳри Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234