ЭЪЛОН: МАБЛАҒИ БАРОИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ИМД ПАРДОХТШУДА БА КӢ ВА ДАР КАДОМ ҲОЛАТҲО БАРГАРДОНИДА МЕШАВАД

Душанбе, 1-уми майи соли 2017

Марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ба анҷом расид.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқарраргардида маблағи барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:

1) агар соҳиби расиди бонкӣ аз қайд нагузашта бошад;

2) агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ даст кашад;

3) агар довталаб азнавбақайдгириро нагузашта бошад;

4) агар довталаб дар имтиҳонҳо бо сабаби узрноки аз ӯ вобастанабуда иштирок карда натавонад.

Соҳиби расиди бонкӣ шахсест, ки маблағи хизматрасониро пардохт карда, расиди бонкӣ ба номи ӯ ба расмият дароварда шудаасту вале барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз қайд нагузаштааст.

Довталаб шахсест, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба қайд гирифта шудааст.

1. Агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ даст кашад ва маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (дар шакли хаттӣ) дар бораи баргардонидани маблағи пардохтааш на дертар аз муҳлати дар зер нишондодашуда муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирӣ бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1% (ҳаққи хизматрасонии Бонк) ва 20 сомонӣ (хароҷот барои бақайдгирии довталаб) боздошта шуда, маблағи боқимонда дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба довталаб баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) ҳафта аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи асосии бақайдгирӣ ва (ё) азнавбақайдгирӣ (то 15-уми май) аст.

2. Агар довталаб бинобар ҳолати аз ӯ вобастанабуда (аз ҷумла ба хизмати ҳарбӣ даъват шудани довталаб, бемории вазнини довталаб, вафот кардани довталаб) дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонад ва маблағи пардохткардаашро баргардонидан хоҳад, дар ин сурат довталаб ё нафаре аз шахсони наздикаш бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (дар шакли хаттӣ) дар бораи баргардонидани маблағи пардохткардааш муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабабе, ки дар ариза баён гардидааст, бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) боздошта шуда, маблағи боқимонда дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба довталаб ё хешованди наздики ӯ баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (то 30-юми август) аст.

3. Агар довталаб аз пардохти тамоми маблағ ё қисме аз он озод бошаду маблағро пурра пардохт карда бошад ва маблағи пардохтаашро пурра ё қисме аз онро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (дар шакли хаттӣ) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза нусхаи варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷат(ҳо)-и дахлдори тасдиқкунандаи имтиёз бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) боздошта шуда, маблағи боқимонда дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба довталаб баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (то 30-юми август) аст.

4. Соҳиби расиди бонкӣ, ки маблағи пардохтаашро баргардонидан мехоҳад, бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (дар шакли хаттӣ) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза расиди бонкӣ бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1% (ҳаққи хизматрасонии Бонк) боздошта шуда, маблағи боқимонда дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба соҳиби расид баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза дар бораи баргардонидани маблағи пардохтшуда барои соҳибони расидҳои бонкӣ, яъне шахсоне, ки расиди бонкӣ дар дасташон аст, маҳдуд карда намешавад.

Дар ариза оид ба баргардонидани маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда бояд маълумоти шахсии аризадиҳанда ва сабаб барои баргардонидани маблағ, имзои аризадиҳанда ва таърихи пешниҳоди ариза қайд гардида, ба он ҳуҷҷат(ҳо)-и дахлдор замима карда шаванд. Дар зарурат чунин аризаро метавонад хешованди наздики соҳиби расиди бонкӣ ё довталаб пешниҳод намояд.

Пешакӣ огоҳ менамоем, ки аз 16‑уми май равандҳои дигари банақшагирифтаи омодагӣ ба имтиҳонҳо (аз ҷумла чоп ва ирсоли даъватномаҳо, нашри маводи имтиҳонӣ, ҷалби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ва муассисаҳои бехатарӣ ва интиқолдиҳандаи маводи имтиҳонӣ) бо назардошти шумораи довталабони азқайдгузашта оғоз мегардад ва ин имкон намедиҳад, ки минбаъд маблағҳои пардохтшуда барои довталабоне, ки аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан мехоҳанд, ба ғайр аз ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки аз довталаб вобастагӣ надоранд, баргардонида шавад.

Агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан хоҳад ё барои иштирок дар имтиҳонҳо имконият надошта бошад ва ба Марказ барои бозпас гирифтани маблағи пардохтшуда аз муҳлати муқаррарнамуда дер муроҷиат намояд, маблағи пардохтшуда, ба истиснои ҳолатҳои ғайричашмдошти аз довталаб новобаста ва дар асоси ҳуҷҷатҳои асосноккунанда баргардонида намешавад.