ЭЪЛОН: ТАМДИДИ МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРӢ ВА ОҒОЗИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ

Душанбе, 12-уми апрели соли 2017

Ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2017 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонем, ки бинобар то кунун зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (даври асосӣ) то 30-юми апрел тамдид карда шуд.

Инчунин, тибқи муҳлати муқарраршуда аз 16‑ум то 30‑юми апрел даври 1‑уми азнавбақайдгирии довталабон баргузор мегардад. Аз ин рӯ, аз 16‑ум то 30‑юми апрел раванди бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ ҳамзамон ба роҳ монда мешавад.

Довталабоне, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалия (аз ҷумла гурӯҳи ихтисосҳо, комбинатсияи ихтисосҳо, бартарии интихоби комбинатсияи ихтисосҳо, забон ё макони имтиҳонсупорӣ), маълумоти шахсии худро доранд, бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он сабти ном шуда буданд, муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои зарурии зеринро пешниҳод намоянд.

Лозим ба қайд аст, ки тибқи маълумоти омории бақайдгирӣ бештари довталабон ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 5‑ум, 4-ум ва 3-юм интихоб кардаанд. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон дод, ки бинобар ихтисосҳои гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум ва 2-юмро камтар интихоб кардани довталабон бали гузариш дар ин комбинатсияи ихтисосҳо нисбат ба комбинатсияи ихтисосҳои гурӯҳҳои ихтисосҳои дигар пасттар буд. Бинобар ин қариб ҳамаи довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум ва 2-юмро интихобкарда, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, дар озмуни тақсимот комёб шуда, донишҷӯй гардиданд. Баръакс, аксари довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм, 4-ум ва 5-умро интихобкарда, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, ҳатто бо холҳои баланд балҳои гузаришро соҳиб нашуда, донишҷӯй нагардиданд.

Вобаста ба ин, ба ҳамаи довталабон тавсия медиҳем, ки бо маълумоти омории рафти бақайдгирӣ, ки дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст, шинос шуда, дар сурати зарурат ва хоҳиш доштан, интихобҳои аввалияи худро дар давраи азнавбақайдгирӣ иваз намоянд. Инчунин, ба шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз қайд гузаштан мехоҳанд, тавсия медиҳем, ки пеш аз номнависӣ кардан бо маълумоти омории зикршуда шинос шуда, ҳангоми интихоби гурӯҳ ва комбинатсияи ихтисосҳо донишу маҳорати худ, ҷойҳои ҷудошуда дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи қабул ва талаботи бозори меҳнатро ба эътибор гиранд.

ТАВАҶҶУҲ! Агар довталаб дар яке аз нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ аз қайд гузашта бошад, бояд ба нуқтаи бақайдгирии дахлдор, ки рӯйхаташон дар сомонаи Марказ ҷойгир гардидааст, муроҷиат намояд.

Хотиррасон менамоем, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои даври 1‑уми азнавбақайдгирӣ 20 (бист) сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола аз пардохти маблағи мазкур озоданд.

Рақамҳои телефонҳо барои тамос: 224 53 66, 224 53 67, 224 53 68.

 

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои азнавбақайдгирӣ:

1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

2) варақаи бақайдгирии даври асосии бақайдгирӣ;

3) расиди пардохти маблағи иловагӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”.