ЭЪЛОН

Душанбе, 4-уми апрели соли 2017

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои интихоби кормандони муваққатӣ ҷиҳати ташкил ва

баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озмун эълон мекунад

 

Мансаб: Маъмури калон ва маъмури имтиҳон (1873 ҷой)

Муддати кор: 15 (понздаҳ) рӯз (аз 29-уми июн то 13-уми июл бо имкони тамдид)

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 670 нафар,  н. Рашт – 42 нафар,  ш. Хуҷанд – 250 нафар, ш. Истаравшан – 65 нафар, ш. Конибодом – 65 нафар, ш. Панҷакент – 42 нафар, Б. Ғафуров – 42 нафар, ш. Қӯрғонтеппа – 250 нафар, ш. Кӯлоб – 210 нафар, н. Восеъ – 42 нафар, н. Данғара – 65 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 42 нафар, н. Шаҳритус – 65 нафар,  шХоруғ – 65 нафар.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонарказ) барои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар марказҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо марказҳои имтиҳонӣ (МИ) таъсис медиҳад ва барои идораи раванди имтиҳон дар МИ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд.

Марказ бо ин мақсад барои интихоби маъмурони калон ва маъмурони имтиҳон озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои идораи раванди имтиҳон дар МИ масъул мегарданд.

 

Вазифаҳои асосии кормандон:

иштироки фаъолона дар ташкил ва баргузории ИМД;

– омода намудани МИ барои гузаронидани ИМД;

таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ.

 

Талаботи тахассусӣ нисбат ба кормандон:

– маълумоти олӣ ё олии нопурра;

таҷрибаи корӣ дар соҳаи маориф;

таҷрибаи кори ташкилотчигӣ ва ё иштирок дар чорабиниҳои калон;

маҳорати хуби муошират;

маҳорати суханронӣ бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ.

 

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд варақа (шакл)-и тасдиқкардаи Марказро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ пур карда, бо нусхаи шиноснома, тавсиянома аз ҷойи кори асосӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва рақами инфиродии суғуртавӣ ба суроғаи зерин пешниҳод намоянд:


Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел. (992-37) 224-53-67, 224-53-68.

Факс: (992-37) 224-53-66.

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Шахсони мутасаддӣ:

дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: хиёбони Рӯдакӣ, 192.

Т. Каримов. Тел.: 911 11 00 29,

почтаи электронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

дар вилояти Суғд: ш. Хуҷанд (кӯчаи Ҳаким Карим, 16)

М. Аҳмадзода. Тел.: 911 10 12 97,

почтаи электронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

дар вилояти Хатлон: ш. Қӯрғонтеппа (кӯчаи Борбад, 13)

Р. Халилов. Тел.: 915 98 00 58,

почтаи электронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ): ш. Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234

Ш. Хоников. Тел.: 915 20 72 29,

почтаи электронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


Муҳлати охирини пешниҳоди дархост барои иштирок дар озмун: 21-уми апрели соли 2017 то соати 16:00.

Варақа (шакл)-и маълумотномаи Марказ барои хоҳишмандони:

 

шаҳри Душанбе
ноҳияи Рашт
шаҳри Хуҷанд
шаҳри Истаравшан
шаҳри Конибодом
шаҳри Панҷакент
ноҳияи Б. Ғафуров
шаҳри Қӯрғонтеппа
шаҳри Кӯлоб
ноҳияи Восеъ
ноҳияи Данғара
ноҳияи Ҷ.Балхӣ
ноҳияи Шаҳритус
шаҳри Хоруғ