Ҳафтаи якуми бақайдгирӣ ба анҷом расид

 Душанбе, 22 апрел ҳафтаи якуми бақайдгирии хоҳишмандон барои иштирок дар Озмоиши калони низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Мутобиқи маълумотҳои омории шуъбаи идора ва қабули тести Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар давоми ҳафтаи якуми давраи бақайдгирӣ дар 7 нуқтаи бақайдгирӣ, ки аз тарафи ММТ дар чор минтақаи ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, ва Хоруғ таъсис дода шудааст, зиёда аз 3638 нафар хоҳишмандон аз қайд гузаштанд. Лозим ба тазаккур аст, ки шумораи зикргардида 61 фоизи шумораи умумии иштирокчиёни банақшагирифтаро ташкил медиҳад. Шумораи зиёди хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Қӯрғонтеппа ба қайд гирифта шудааст. Хоҳишмандон таваҷҷуҳи зиёд ба тахассусҳои кластери 5 (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) дода истодаанд.

      Бояд қайд намуд, ки аз 15 апрели соли 2013 сар карда, дар 7 нуқтаи бақайдгирӣ давраи бақайдгирии хоҳишмандон барои иштирок дар Озмоиши калони низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ оғоз ёфт. Дар Озмоиши мазкур хонандагони синфҳои 10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок карда метавонанд. Бақайдгирӣ то 30 апрели соли ҷорӣ идома меёбад.

 Маълумотнома: Ҷиҳати амалӣ намудани банди 12 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.01. с.2013 №23 дар бораи аз соли 2014 сар карда, мутамарказ ба роҳ мондани қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва иҷрои фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.01. с. 2013 № 161 оид ба Озмоиши низоми ИМД ба МТОК Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” Низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.

    Бо мақсади санҷиши тартиб, расмиёт ва ҷузъиёти низоми ИМД ба МТОК Маркази миллии тестӣ дар давоми моҳҳои март-июни соли 2013 дар ҷумҳурӣ ОЗМОИШ-и низоми навро мегузаронад.

   Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ муҷаҳҳаз ба технологияи муосир буда, бо мақсади арзёбии дониш, интихоби одилонаю шаффоф ва таъмини баробарҳуқуқии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Ба Озмоиш 407 тахассус аз 29 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.

Забонҳо

Намунаи тестҳо

КИТОБҲО

Ҷустуҷӯ дар сомона