ЭЪЛОН

Душанбе, 3-юми апрели соли 2017

Ба диққати довталабоне, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд ё бо сабабҳои гуногун ба он ворид шуда наметавонанд, расонида мешавад, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродиашонро метавонанд бо фиристодани SMS-паёмак аз телефони мобилиашон барқарор намоянд. Хизматрасонии мазкур танҳо барои муштариёни операторҳои алоқаи мобилии Билайн, Вавилон-М, Мегафон ва Тселл дастрас аст.

Тартиби барқарорсозии рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ чунин аст:

ҚАДАМИ 1. Довталаб аз телефони мобилии худ, ки рақами онро дар вақти бақайдгирӣ нишон дода, он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» қайд гардидааст, ба рақами кӯтоҳи 1617 матни «p рақами назоратии худ» (масалан p1099171100083)-ро равон менамояд.

Хотиррасон менамоем, ки ҳарфи «p» лотинӣ (англисӣ) навишта шуда, байни он ва рақами назоратии довталаб фосила гузошта намешавад.

ҚАДАМИ 2. Дар ҷавоб ба рақами телефони мобилии довталаб ба таври худкор (автоматӣ) рамзи муваққатӣ фиристода мешавад, ки аз ҳарфҳои лотинӣ (англисӣ) ва рақамҳо иборат аст.

ҚАДАМИ 3. Довталаб саҳифаи воридшавӣ ба кабинети инфиродиро тавассути пайванди http://cabinet.ntc.tj мекушояд.

ҚАДАМИ 4. Довталаб дар майдони «Рақами назоратӣ» рақами назоратӣ ва дар майдони «Рамз» рамзи муваққатии тавассути телефони мобилӣ дастрасшударо ворид карда, тугмаи «Воридшавӣ»-ро пахш менамояд.

ҚАДАМИ 5. Пас аз пахши тугмаи «Воридшавӣ» равзанаи «Ивази рамз» пайдо мешавад, ки он аз довталаб иваз кардани рамзи муваққатиашро дархост менамояд.

Дар ин равзана, ки аз 3 майдон ва 1 тугма иборат аст, довталаб дар майдони «Рамз» рамзи муваққатӣ ва дар майдонҳои «Рамзи нав» ва «Тасдиқи рамзи нав» рамзи нави худро дар ҳар ду майдон дохил карда, тугмаи «Сабт»-ро пахш мекунад. Дар майдонҳои «Рамзи нав» ва «Тасдиқи рамзи нав» рамз бояд айнан як хел дохил карда шавад. Ҳамин тавр система рамзи навро барои дар оянда истифода кардани кабинети инфиродӣ сабт карда, истифодаи он барои довталаб дастрас мегардад.

 

ТАВАҶҶУҲ!

1. Хизматрасонии мазкур танҳо барои муштариёни операторҳои алоқаи мобилии Билайн, Вавилон-М, Мегафон  ва Тселл дастрас аст.

2. Фиристодани SMS-паёмак пулакӣ буда, арзиши он 1 (як) сомонӣ аст.

3. Довталаб наметавонад рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродиашро бо истифода аз телефони мобилие барқарор созад, ки рақами онро дар вақти бақайдгирӣ нишон надодааст ё онро ҳамчун телефони хона нишон додааст.

4. Дар вақти навиштани матни SMS-паёмак пешванди «p» (лотинӣ (англисӣ)) ва «рақами назоратӣ»-и довталаб бояд дуруст навишта шавад.

5. Дар вақти ворид кардани рамзи муваққатие, ки система бо SMS-паёмаки ҷавобӣ мефиристад, дуруст навиштани ҳарфҳои лотинӣ (англисӣ), аз ҷумла калонию хурдии ҳарфҳо (масалан, ҳарфҳои «D» ва «d») риоя карда шавад.

6. Ҳангоми иваз кардани рамзи муваққатӣ дар равзанаи «Ивази рамз» ба номи майдонҳо диққат диҳед.