1827 нафар хоҳишмандон аз қайд гузаштанд

   Дар давоми 3 рӯзи бақайдгирӣ зиёда аз 1827 нафар хоҳишмандон барои иштирок дар Озмоиши калони низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 нуқтаи бақайдгирӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” дар чор минтақаи ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, ва Хоруғ таъсис дода шудааст, аз қайд гузаштанд. Лозим ба тазаккур аст, ки шумораи зикргардида 30 фоизи шумораи умумии иштирокчиёни банақшагирифтаро ташкил медиҳад. Шумораи зиёди хоҳишмандон дар ду нуқтаи бақайдгирӣ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа таъсис дода шудааст, ба қайд гирифта шудааст. Таваҷҷуҳи зиёди хоҳишмандон ба тахассусҳои кластери 5 (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) мушоҳида карда мешавад.

    Бояд қайд намуд, ки аз 15 апрели соли 2013 сар карда, дар 7 нуқтаи бақайдгирӣ давраи бақайдгирии хоҳишмандон барои иштирок дар Озмоиши калони низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ оғоз ёфт. Дар Озмоиши мазкур хонандагони синфҳои 10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок карда метавонанд. Бақайдгирӣ то 30 апрели соли ҷорӣ идома меёбад.

Маълумотнома: Ҷиҳати амалӣ намудани банди 12 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.01. с.2013 №23 дар бораи аз соли 2014 сар карда, мутамарказ ба роҳ мондани қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва иҷрои фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.01. с. 2013 № 161 оид ба Озмоиши низоми ИМД ба МТОК Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” Низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.

    Бо мақсади санҷиши тартиб, расмиёт ва ҷузъиёти низоми нави қабули довталабон Маркази миллии тестӣ дар давоми моҳҳои март-июни соли 2013 дар ҷумҳурӣ ОЗМОИШ-и низоми навро мегузаронад.

   Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ муҷаҳҳаз ба технологияи муосир буда, бо мақсади арзёбии дониш, интихоби одилонаю шаффоф ва таъмини баробарҳуқуқии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Ба Озмоиш 407 тахассус аз 29 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.