ЭЪЛОН

9-уми январи соли 2017

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ЭЪЛОН

интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ

 

Вазифа: роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (33 ҷой)

Муҳлат: 47 (чилу ҳафт) рӯз (аз 1-уми март то 30-юми апрел бо имкони тамдид)

Макони фаъолият: ш. Душанбе – 5 нафар,  ш. Ваҳдат – 1 нафар,  ш. Турсунзода – 1 нафар, н. Рашт – 1 нафар, н. Рӯдакӣ  1 нафар, н. Ҳисор – 1 нафар,  ш. Хуҷанд – 2 нафар, ш. Истаравшан – 1 нафарш. Исфара – 1 нафар, ш. Конибодом – 1 нафар, ш. Панҷакент – 1 нафар, н. Ашт – 1 нафар, н. Б.Ғафуров – 1 нафар, н. Деваштич – 1 нафар, ш. Қӯрғонтеппа – 2 нафар, ш. Кӯлоб – 2 нафар, н. А.Ҷомӣ – 1 нафар, н. Вахш – 1 нафар, н. Восеъ – 1 нафар, н. Данғара – 1 нафар, н. Ёвон – 1 нафар, н. Фархор – 1 нафар, н. Шаҳритус – 1 нафар, н. Ҳамадонӣ – 1 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, ш. Хоруғ – 1 нафар.

Барои бақайдгирии довталабон дар доираи ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ) ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд.

Вобаста ба ин  Марказ барои интихоби номзадҳо ба вазифаи роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ озмун эълон менамояд. Шахсони интихобгардида ҳамчун роҳбарони нуқтаҳои бақайдгирӣ барои ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон масъул мегарданд.

Вазифаҳои асосӣ

- иштироки фаъолона дар ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон;

- омода намудани нуқтаи бақайдгирӣ барои бақайдгирии довталабон;

- назорати фаъолияти кормандони муваққатӣ тибқи тартиби муайян;

- таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба шахси масъули Марказ;

 

Талаботи тахассусӣ

доро будан ба:

- маълумоти олӣ;

- собиқаи педагогӣ на камтар аз 5 сол;

- таҷрибаи кори ташкилотчигӣ: ташкили чорабиниҳои калонҳаҷм бо иштироки шумораи зиёди иштирокдорон;

- мавҷудияти қобилияти ҳамоҳангсозӣ ва ё идораи раванди чорабиниҳо;

- малакаи зарурии корӣ бо воситаҳои барномавию - идоравии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: ноутбук, веб-камера, принтер, шабакаи маҳаллӣ, флешкорт, барномаҳои офисӣ ва барномаҳои коркарди электронии ҳуҷҷатҳо;

- малакаи суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд маълумотномаи тасдиқкардаи Марказ бо забони тоҷикӣ, нусхаи шиноснома бо нишонии ҷойи зист, нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами мушаххаси суғуртавӣ ва мактуби расмӣ аз ҷойи кори асосӣ (агар дошта бошад) оид ба иҷозат доданро ба шахсони масъул бо суроғаи зерин пешниҳод намоянд:

 

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.

Мутасаддӣ: Каримов Т. Телефон: 915 98 00 88. Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ)

Почтаи электронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим 16,

Мутасаддӣ: Аҳмадзода М. Телефон: 92 773 69 52; (вилояти Суғд)

Почтаи электронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Вилояти Хатлон, ш. Қӯрғонтеппа, кӯчаи Борбад 13,

Мутасаддӣ: Халилов Р. Телефон: 915 98 00 58 (вилояти Хатлон)

Почтаи электронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ш. Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато 234,

Мутасаддӣ: Хоников Ш. Телефон: 915 20 72 29 (ВМКБ)

Почтаи электронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 27-уми январи с. 2017 то соати 16:00.

Забонҳо

Намунаи тестҳо

КИТОБҲО

Ҷустуҷӯ дар сомона