ЭЪЛОН

9-уми январи соли 2017

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ЭЪЛОН

интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ

Вазифа: бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ (114 ҷой)

Муҳлат: 35 (сию панҷ) рӯз (аз 1-уми март то 15-уми апрел бо имкони тамдид)

Макони фаъолият: ш. Душанбе – 24 нафар, ш. Ваҳдат – 2 нафар, ш. Турсунзода – 4 нафар, н. Рашт – 4 нафар, н. Рӯдакӣ  2 нафар, н. Ҳисор – 2 нафар, ш. Хуҷанд – 8 нафар, ш. Истаравшан – 4 нафарш. Исфара – 2 нафар, ш. Конибодом – 2 нафар, ш. Панҷакент – 2 нафар, н. Ашт – 2 нафар, н. Б.Ғафуров – 4 нафар,

н. Деваштич – 2 нафар, ш. Қӯрғонтеппа – 10 нафар, ш. Кӯлоб – 10 нафар, н. А.Ҷомӣ – 2 нафар,

н. Вахш – 2 нафар, н. Восеъ – 4 нафар, н. Данғара – 4 нафар, н. Ёвон – 2 нафар, н. Фархор – 2 нафар, н. Шаҳритус – 4 нафар, н. Ҳамадонӣ – 2 нафар, н. Ҷ.Балхӣ – 4 нафар, ш. Хоруғ – 4 нафар.

Барои бақайдгирии довталабон дар доираи иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис медиҳад. Барои бақайдгирии довталабон ва идораи раванди он дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд.

Вобаста ба ин Марказ барои интихоби номзадҳо ба вазифаи бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ озмун эълон менамояд. Шахсони интихобгардида ҳамчун бақайдгиранда дар нуқтаҳои бақайдгирӣ масъул мегарданд.

Вазифаҳои асосӣ

- омода намудани нуқтаи бақайдгирӣ ва таҷҳизоти техникӣ барои бақайдгирии довталабон;

- таъмини ворид намудани маълумоти дақиқ тибқи қоида ва дастурамали вазифавӣ;

- таъмини нигаҳдории маълумоти дақиқи довталаб то замони ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ супоридан;

- таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ. 

Талаботи тахассусӣ

доро будан ба:

- маълумоти олӣ ё олии нопурра;

- таҷрибаи корӣ дар соҳаи маориф;

- малакаи зарурии корӣ бо воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: ноутбук, веб-камера, принтер, шабакаи маҳаллӣ, флешкорт, барномаҳои офисӣ ва барномаҳои коркарди электронии ҳуҷҷатҳо;

- озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд маълумотномаи тасдиқкардаи Марказ бо забони тоҷикӣ, нусхаи шиноснома бо нишонии ҷойи зист, нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами мушаххаси суғуртавӣ ва мактуби расмӣ аз ҷойи кори асосӣ (агар дошта бошад) оид ба иҷозат доданро ба суроғаи зерин пешниҳод намоянд:


Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.

Мутасаддӣ: Каримов Т. Телефон: 915 98 00 88. Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ)

Почтаи электронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим 16,

Мутасаддӣ: Аҳмадзода М. Телефон: 92 773 69 52; (вилояти Суғд)

Почтаи электронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Вилояти Хатлон, ш. Қӯрғонтеппа, кӯчаи Борбад 13,

Мутасаддӣ: Халилов Р. Телефон: 915 98 00 58 (вилояти Хатлон)

Почтаи электронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ш. Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато 234,

Мутасаддӣ: Хоников Ш. Телефон: 915 20 72 29 (ВМКБ)

Почтаи электронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 27-уми январи с. 2017 то соати 16:00.

Забонҳо

Намунаи тестҳо

КИТОБҲО

Ҷустуҷӯ дар сомона