Озмоиши калон

 

 

Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даъвати хонандагони синфҳои 10 барои иштирок дар озмоиши калон  

Аз соли 2014 сар карда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМДба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Маркази миллии тестӣ (ММТбо мақсади иҷрои вазифаҳои оинномавии худ (ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2010  17 тасдиқ гардидаастдар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Россия ва Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти Ҷамъияти кушода”  Бунёди мадад дар Тоҷикистон лоиҳаи модели низоми нави ИМД ба МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намудки аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.

Мақсади асосии низоми нав беҳтар намудани раванди қабули донишҷӯён ба МТОК-и ҶТ тариқи интихоби одилона, шаффоф ва таъмини баробарҳуқуқии довталабони ҳамаи табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

 

Бартариҳои асосии низоми нави ИМД ба МТОК-и ҶТ чунинанд:

- ҳамаи тахассусҳои МТОК-и ҶТ ба 5 кластер (табиӣ ва техникӣ; иқтисодӣ ва география; филология, педагогика ва санъат; ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ; тиббӣ, биологӣ ва варзиш) ҷудо карда шудаанд;

- довталаб ҳуқуқ дорад, ки то 10 тахассус ва МТОК-ро дар доираи 1 кластер вобаста ба намуд (ройгон ва ғайриройгон), шакл (рӯзона ва ғоибона) ва забони таҳсил (тоҷикӣ ва русӣ) интихоб намояд;

- бақайдгирии довталаб ва супоридани имтиҳонҳо дар макони ба истиқомат наздик (минтақаҳо) гузаронида мешавад;

- раванди амалиётҳои бақайдгирӣ, арзёбии натиҷаҳои имтиҳонҳо ва тақсимоти донишҷӯён ба МТОК-и ҷумҳурӣ тавассути низоми автоматишудаи идора амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади санҷиши тартиб, расмиёт ва марҳилаҳои низоми нав ММТ дар соли 2013 Озмоиши калони низоми ИМД ба МТОК-и ҶТ-ро бо иштироки 6000 нафар хонандаи синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ)-и ҷумҳурӣ новобаста аз ҷойи истиқомат мегузаронад.

Озмоиши калони низоми нави ИМД ба МТОК-и ҶТ аз якчанд марҳилаҳои асосӣ иборат аст:

- бақайдгирии иштирокчиён (аз 15 то 30 апрели соли 2013);

- тақсими даъватномаҳо ба имтиҳон (аз 20 май то 5 июни соли 2013);

- баргузории имтиҳонҳо (аз 15 июн то 22 июни соли 2013);

- арзёбии натиҷаҳои имтиҳонҳо (то 31 июли соли 2013);

- тақсимоти шартии донишҷӯён ба МТОК (то 15 августи соли 2013);

- арзёбии озмоиш.

Бақайдгирии хоҳишмандон дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ – шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Хоруғ дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳатмии зерин аз 15 то 30 апрели соли 2013 гузаронида мешавад:

- шиноснома ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд,

- маълумотномаи МТМУ дар бораи дар синфи 10 таҳсил кардани хонанда,

- расид (квитансия) аз Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ва шуъбаҳои он оид ба пардохти 5 сомонӣ.

Дар сурати ба 6000 нафар расидани шумораи иштирокчиён бақайдгирӣ метавонад пеш аз муҳлат ба анҷом расад.

 

Маълумоти иловагиро аз сомонаи ММТ (http://www.ntc.tj) ё тариқи телефонҳои зерин гирифта метавонед: дар шаҳри Душанбе (98) 731-00-61; дар шаҳри Қӯрғонтеппа (98) 731-00-62; дар шаҳри Хуҷанд (98) 731-00-63; дар шаҳри Хоруғ (98) 731-00-64.

 

Маркази миллии тестӣ хонандагони синфҳои 10-ро

барои иштирок дар Озмоиш даъват менамояд.

Забонҳо

Намунаи тестҳо

КИТОБҲО

Ҷустуҷӯ дар сомона