imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

facebook instagram odnoklasniki telegram twit vkontakte

ИМТИҲОНИ ОЗМОИШӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲО БАРОИ ЯТИМОН ВА БЕПАРАСТОРОН


Бо мақсади фарогирии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии мактаб-интернатҳо барои ятимон ва бепарасторон, хонаи бачагон ва мактаб-интернатҳои махсусгардонидашуда ба имтиҳонҳои озмоишӣ тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-ум то 29-уми декабри соли ҷорӣ дар 9 ноҳияи ҷумҳурӣ барои 418 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ имтиҳонҳои мазкур баргузор хоҳад шуд.

Баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ аз ҷумла, дар:

• ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки 36 нафар;

• ноҳияи Сино бо иштироки 205 нафар;

• ноҳияи Рашт бо иштироки 102 нафар;

• ноҳияи Ёвон бо иштироки 10 нафар;

• ноҳияи Қубодиён бо иштироки 24 нафар;

• ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо иштироки 6 нафар;

• ноҳияи Восеъ бо иштироки 10 нафар;

• ноҳияи Фархор бо иштироки 6 нафар;

• ноҳияи Ш. Шоҳин бо иштироки 19 нафар;

хатмкунанда ба нақша гирифта шудааст. Умуман ба озмоиши мазкур аз 12 мактаб-интернат барои ятимон ва бепарасторон, хонаи бачагон ва мактаб-интернатҳои махсусгардонидашуда хатмкунандагон даъват карда мешаванд.

Дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ хатмкунандагон бо чунин тарз ба гурӯҳи ихтисосҳо тақсимот шудаанд:

- гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 48 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 76 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 90 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 68 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 136 нафар хатмкунанда.

Коркарди варақаҳои ҷавобҳо дар Маркази миллии тестӣ ба таври худкор гузаронида шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар як иштирокдор равона карда мешавад.

Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур пеш аз ҳама шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва шинос шудан ба таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳон аст.

Бояд хотиррасон кард, ки дар давоми моҳҳои октябр-декабри соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Марказ дар 54 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби 13428 нафар хатмкунандаи 601 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ имтиҳонҳои озмоишӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона