imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

facebook instagram odnoklasniki telegram twit vkontakte

ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШӢ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

khatlon ozmАз 15-ум то 17-уми декабри соли ҷорӣ дар 22 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон барои 5464 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои озмоишӣ ташкил ва гузаронида мешавад.

Аз ҷумла, дар:

• шаҳри Бохтар бо иштироки 267 нафар;

• шаҳри Кӯлоб бо иштироки 270 нафар;

• шаҳри Левакант бо иштироки 271 нафар;

• ноҳияи Балҷувон бо иштироки 218 нафар;

• ноҳияи Темурмалик бо иштироки 280 нафар;

• ноҳияи Данғара бо иштироки 266 нафар;

• ноҳияи Восеъ бо иштироки 286 нафар;

• ноҳияи Фархор бо иштироки 265 нафар;

• ноҳияи Ҳамадонӣ бо иштироки 228 нафар;

• ноҳияи Муъминобод бо иштироки 282 нафар;

• ноҳияи Ш. Шоҳин бо иштироки 137 нафар;

• ноҳияи Ховалинг бо иштироки 134 нафар;

• ноҳияи Вахш бо иштироки 258 нафар;

• ноҳияи Кӯшониён бо иштироки 280 нафар;

• ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо иштироки 209 нафар;

• ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки 279 нафар;

• ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки 259 нафар;

• ноҳияи Қубодиён бо иштироки 252 нафар;

• ноҳияи Н. Хусрав бо иштироки 229 нафар;

• ноҳияи Шаҳритус бо иштироки 271 нафар;

• ноҳияи Хуросон бо иштироки 262 нафар;

• ноҳияи Панҷ бо иштироки 261 нафар

хатмкунандаи синфи 11 - ум баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ ба нақша гирифта шудааст. Умуман, дар имтиҳонҳои озмоишии бисту як шаҳру ноҳия аз 119 муассисаи таълимӣ хатмкунандагон даъват карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ хатмкунандагон бо чунин тарз ба гурӯҳи ихтисосҳо тақсимот шудаанд:

- гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 729 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 1063 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 945 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 750 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 1977 нафар хатмкунанда.

Коркарди варақаҳои ҷавобҳо дар Маркази миллии тестӣ ба таври худкор гузаронида шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар як иштирокдор равона карда мешавад.

Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур пеш аз ҳама шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва шинос шудан ба таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонист.

Дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои Ёвону Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзҳои 19-21-уми октябри соли 2020 бо ҷалби 808 нафар хатмкунандаи 18 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ин шаҳру ноҳияҳо аз тарафи кормандони Марказ имтиҳонҳои озмоишӣ ташкил ва баргузор карда шуда буд.

Баъд аз коркарди варақаҳои ҷавобҳо маълум гардид, ки дар имтиҳонҳои озмоишии ин шаҳру ноҳияҳо аз 808 нафар даъватшудагон 656 нафар хатмкунанда иштирок доштанд, ки ин 81%-ро ташкил медиҳад. Бояд таъкид кард, ки шумораи озмоишшавандагон аз теъдоди умумии даъватшудагон ба имтиҳон нисбат ба хонандагони дар имтиҳон иштирокдошта дар манотиқи дигар камтар аст. Бинобар ин масъулонро аз раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои мазкур мебояд барои тарғиб ва ҷалби бештари хатмкунандагони мактабҳо тадбирҳо андешанд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона