imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

facebook instagram odnoklasniki telegram twit vkontakte

ҶАШНГИРИИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

ruziparcham224-уми ноябри соли 2020 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ин муассиса ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласа бо сухани директори Марказ Икромӣ Х. И. кушода шуд. Мазкур аз таърихи парчамдории тоҷикон сухан гуфта, аз ҷумла, қайд кард, ки Парчам яке аз рамзҳои давлатдории навини тоҷикон аст. Парчам аз муқаддасоти миллӣ буда, рамзи асосии соҳибдавлатӣ ва ифтихори ҳар як халқу миллат мебошад. Таърихи тамаддуни давлатдории оламиён шаҳодат медиҳад, ки инсоният ҳамчун нишони давлатдорӣ ва ҳастии халқу миллат рамзҳо ва нишонаҳоро эҷод ва қабул намудааст. Чунин рамзҳо ифодагару равшангари саргузашти халқу миллатҳо ва эҳтиром ба муқаддастарин ашёи оламу табиати атроф аст. Барои парчами тоҷиконро шинохтани оламиён хидматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле бузург ва арзандаи ҳар гуна ситоишу қадрдонист. Моро мебояд барои ҳифзи Парчам, сулҳу ваҳдат ва амният дар кишварамон, ки ба шарофати заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии тамоми мардуми худогоҳу худшиноси Тоҷикистон ба даст омадааст, бирасем ва дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошему ба халқу Ватан содиқона хизмат намоем, – таъкид кард директори Марказ.

ruziparcham3Пиромуни ин мавзӯъ, ҳамчунин, сармутахассиси фанни таърихи Марказ Зарипов Н. Ҳ. маърӯза карда, аз ҷумла гуфт, ки чун сухан аз таърихи парчамдории халқи тоҷик равад, дар хотираи мардуми тоҷик симои Коваи оҳангар ҷилвагар мешавад. Дирафши ковиёнӣ ё ахтарӣ, ки нахуст парчами фарзандони Эраҷ – Каёниён буд, минбаъд ҳамчун Парчами шоҳони эронӣ шинохта шуда, баъдтар Парчами давлатии Сосониён (224-651) гашт. Дирафши мазкур дар штандарт – ливои имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ акс ёфтааст. Эҳтироми хоса ба Парчами давлатӣ дар замони истиқлоли комили Тоҷикистон имкон дод, ки дар баробари дигар рӯзҳои таърихӣ, рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад. Парчами давлатӣ имрӯз боарзиштарин парастае мебошад, ки дар баландии 165 метр дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон қад афрохтааст. Дар ҳақиқат, арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва намудор шудани он аз ҳама гӯшаи пойтахти кишвар ба боло рафтани ҳисси миллӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.

Баъдан чанде аз аҳли ҷаласа ба музокира баромада, андешаҳои хешро дар атрофи Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун иди расмӣ, хизматҳои Сарвари кишвар дар рушду нумӯи мамлакат баён доштанд ва даъват ба амал оварданд, ки дар ҳамбастагию ҳамдилӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои амну осоиштаи диёр баҳри рушди ҳамаҷонибаи Ватани маҳбуб, ҳифзи ин сарзамин ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд саҳмгузор бошад.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона