imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

РӮЗЕ, КИ 2 ИДИ ҚУДСИРО ФАРОГИР АСТ

РӮЗЕ, КИ 2 ИДИ ҚУДСИРО ФАРОГИР АСТ


duid116-уми ноябри соли 2020 дар толори мактаби миёнаи умумии № 6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба муносибати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид. Ҷаласаро директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Х. И. ифтитоҳ карда, аҳли нишастро дар ин робита хушомадед ва табрик гуфт.

Мазкур аз ҷумла қайд кард, ки 16-уми ноябр дар сафаҳоти таърихи навини Тоҷикистон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол, рӯзи хос аст, зеро ин рӯз ба ду ҷашни мутантану муқаддас – ба оғози кори Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16-уми ноябр оғоз ёфта, то 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд идома ёфтааст) ва ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Ин рӯз, ки ду ҷашнро дар худ фаро гирифтааст, аз он барои халқу миллати тоҷик қудсист, ки аз як тараф, дар ин рӯз Иҷлосияи барои мардуми тоҷик тақдирсозу таърихӣ баргузор гардид, аз тарафи дигар, Иҷлосияи номбурда ба тоҷикон шахсияти миллатсозу корсозу кордону сулҳофарро ‒ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо кард. Ва ин абармарди таърих ба шарофати Иҷлосияи мазкур ва бо нирӯи хираду фазли худ давлати навтаъсису соҳибмухтори Тоҷикистонро аз нобудӣ эмин дошт, миллатро аз гирдоби фано раҳо бахшид. Бар маснади роҳбарӣ қарор гирифтани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (нахуст ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ ва баъдан ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҳамчунин оғози эъмори истиқлол ва аркони давлатдории миллӣ гаштааст.

Хотима додан ба бенизомию бесомонӣ ва пойдор гардонидани сулҳу амнияти комил дар ҳудуди мамлакат, барқарор кардани иқтисодиёти фалаҷгаштаи кишвар ва ҳама сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз буҳрони сиёсию иқтисодӣ, коммуникатсионӣ ва фарҳангию илмӣ бурун баровардани ҷумҳурӣ, таъмини рушди босуботу ҳамаҷонибаи давлат ва шиносонидани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва даҳҳо комёбию пирӯзиҳои дигар дар таърихи халқу мамлакат – ин ҳама мустақиман рабт дорад ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо заҳмату хидматҳои шаборӯзию ҷонфидоиҳояшон ҳосил кардаанд.

Мо хушбинонаю фараҳмандона итминон дорем, ки таҳти роҳбарию сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷикро ояндаи дурахшон ва кишвари маҳбубамонро рушду ободиҳои бесобиқа интизор аст, ‒ тазаккур дод директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Х. И.

Дар ин ҷаласа, ҳамчунин бо мақсади тарғиби бештари хонандагон ба донишандӯзӣ маросими туҳфасупорӣ ба даҳгонаи довталабони беҳтарини ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 гузаронида шуд, ки дар он ба довталабони ба даҳгонаи мазкур дохилшуда ‒ ба онҳое, ки дар ИМД натиҷаҳои баландро соҳиб шуда буданд, туҳфаҳои хотиравӣ ‒ "Сипоснома"-и Марказ, маҷаллаи илмию методии “Довталаб”, китоби “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ ва планшет тақдим карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳузур дошт, оид ба ҳадафи ҷамъомади имрӯза суханронӣ кард. Ҳамчунин, чанде аз аҳли ҷаласа ба музокира баромада, фикру андешаҳояшонро дар робита ба рӯзи ид ва маросими қадрдонии довталабони пешқадам баён сохтанд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона