imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ ДАР БОРАИ МАРОСИМИ ТУҲФАСУПОРӢ БА ДАҲГОНАИ ДОВТАЛАБОНИ БЕҲТАРИН ДАР ИМД-И СОЛҲОИ 2018 ВА 2019

Душанбе, 16-уми ноябри соли 2020

rsm-2020Имрӯз, 16-уми ноябри соли 2020, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26‑уми декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфта шудаанд, бо мақсади ташвиқу тарғиби хонандагон ба донишандӯзӣ маросими туҳфасупорӣ ба даҳгонаи довталабони беҳтарин дар ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 баргузор гардид. Дар маросими мазкур, ки дар толори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид, ба ду даҳгонаи довталабони беҳтарине, ки дар ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 аз ҳамаи субтестҳои супоридаашон натиҷаҳои баландро соҳиб шудаанд, туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла Сипосномаи Марказ, маҷаллаи илмию методии “Довталаб”, “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ ва планшетҳо тақдим карда шуд. Лозим ба зикр аст, ки яке аз мақолаҳои маҷаллаи илмию методии “Довталаб” ба даҳгонаи довталабони беҳтарин дар ИМД-2018 бахшида, дар он дар бораи ҳар яке аз ин довталабон маълумоти мухтасар дода шудааст.

Сатҳи дастовардҳои таълимӣ (дониш, маҳорат ва малака)-и хонандагон ва ангезишу ҳавасмандсозӣ аз ҷумлаи унсурҳои муҳимми сифати таҳсилот ба ҳисоб мераванд. Ангезишу ҳавасмандсозӣ, дар навбати худ, ба сатҳи дастовардҳои таълимӣ (дониш, маҳорат ва малака)-и хонандагон таъсири мусбат расонида метавонад, ки ин барои баланд шудани сифати таҳсилот мусоидат менамояд. Вобаста ба ин, ташкили чунин чорабиниҳо барои ташвиқу тарғиби хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ба донишандӯзӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ҳарчанд муайян кардани даҳгонаи довталабони беҳтарин дар ИМД аз соли 2018 оғоз гардидааст, баргузории чунин маросим дар таърихи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бори нахуст аст. Инчунин, тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30‑юми июли соли 2020, № 427 тасдиқ шудааст, дар назди Марказ аз соли 2021 вазифаи ҳавасмандгардонии довталабони аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ холҳои имконпазири ҳадди аксарро бадастоварда гузошта шудааст.

dahgonaДар ин маросим 11-нафарӣ (ҳамагӣ 22 нафар) аз довталабони ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Азбаски тибқи рейтинги ҳамгиро (интегралӣ) натиҷаҳои дар ИМД-2018 бадастовардаи довталабони дар мақоми 10-ум ва 11-ум қарордошта баробар буд, ба даҳгонаи беҳтарин дар ИМД-2018 11 нафар дохил гардиданд. Инчунин, ҳарчанд дар ИМД-2019 ба даҳгонаи беҳтарин 10 нафар дохил гардида бошанд ҳам, 1 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун довталаби беҳтарин аз ин вилоят интихоб гардид. Хотиррасон мекунем, ки ҳангоми таҳияи рейтинги ҳамгиро холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳамаи субтестҳои супоридаашон, яъне 6-субтестӣ ба назар гирифта шудааст.

Дар рафти маросим роҳбарияти Марказ ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳадаф ва аҳамияти ин чорабинӣ, дастоварди нафарони ба даҳгонаи довталабони беҳтарин дохилшуда, инчунин ИМД суханронӣ карданд. Ҳозирин, аз ҷумла довталабон аз даҳгонаи ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 барои баргузории ин маросим ба Марказ изҳори сипос намуда, дар бораи ин маросим ва фаъолияти Марказ фикру андешаҳои худро баён сохтанд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона