imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ОЗМОИШИ САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ БАРОИ ОМОДАГӢ БА “ТАҲҚИҚОТИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ ДАСТОВАРДҲОИ ТАЪЛИМИИ ХОНАНДАГОН

rsm-2020Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ислоҳоти соҳа пайваста бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мемонад. Аз ҷумлаи ин ҳамкориҳо Лоиҳаи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифати 1-и Иттиҳоди Аврупо “Таҳқиқоти миллии арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон” аст. Бояд гуфт, ки арзёбии дастовардҳои таълимӣ неруи ҳаракатдиҳандаи фаъолияти таълим ва воситаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ба шумор меравад. Вобаста ба ин Маркази миллии тестии назди Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ абзори роҳандозии ин Лоиҳа – саволу масъалаҳои тестро дар якчанд вариант аз фанҳои забони тоҷикӣ ва математика таҳия намуд.

Бо мақсади муайян намудани сифати (коршоямӣ)-и саволу масъалаҳои тести таҳиягардида озмоиш ба нақша гирифта шуд. Озмоиш дар синфҳои 5-ум ва 11-уми 26 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Варзоб, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода, Файзобод, Ҳисор ва Шаҳринав баргузор мегардад.

Барои иштирок дар озмоиш муассисаҳои таълимӣ ва синфҳо бо усули интихоби тасодуфӣ гирифта шудаанд. Дар ин озмоиш иштироки 1600 нафар хонанда, аз ҷумла 820 хонандаи синфи 5-ум ва 780 нафар хонандаи синфи 11-ум дар назар дошта шудааст.

Аз хонандагоне, ки дар озмоиш иштирок менамоянд, хоҳиш карда мешавад, ки ҳамаи саволу масъалаҳоро бо масъулияти тамом иҷро намоянд, зеро ҷавобҳои ҳаққонии онҳо барои муайян намудани коршоямии саволу масъалаҳои тест, ки минбаъд барои истифода дар таҳқиқоти асосӣ интихоб мегардад, муҳиманд.

Ёдовар бояд шуд, ки вақти озмоиш мувофиқи шумораи саволу масъалаҳои тести ҳар фан аз 30 то 50 дақиқа муайян шудааст.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона