imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ОҒОЗИ ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШӢ

ОҒОЗИ ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШӢ


Бо мақсади шинос кардани алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои озмоиширо тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонии низоми мазкур баргузор мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки имтиҳонҳои озмоишии мазкур бо иштироки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 55 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ моҳҳои октябр-декабри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Дар давоми 3 рӯз - аз 19-ум то 21-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои Ёвону Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо иштироки 808 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои мазкур гузаронидани имтиҳонҳои озмоишӣ дар назар гирифта шудааст.

Бояд қайд кард, ки тибқи хоҳиши хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимӣ шумораи иштирокдорони озмоиш аз рӯйи гурӯҳи ихтисосҳо чунин хоҳад буд:

- гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 124 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 145 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 180 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 93 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 266 нафар хатмкунанда.

Имтиҳонҳои озмоишӣ аз тарафи кормандон ва мутахассисони Марказ гузаронида мешаванд. Варақаҳои ҷавобҳои ҳар як иштирокдори озмоиш дар Марказ ба таври автоматӣ коркард шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо равона карда мешавад.

Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва огоҳ шудан аз навъи саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонӣ ва талаботи дигар мебошад.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона