imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

НАМОИШИ ФИЛМИ «ХИЁНАТ»

НАМОИШИ ФИЛМИ «ХИЁНАТ»


nfkhИмрӯз дар толори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” намоиш дода шуд. Дар ин филм дар бораи ҳадафу мақсадҳои нопок ва фаъолияти вайронкоронаи аъзои ТЭТ ҲНИ, ки фаъолияти он дар кишвар мамнӯъ эълон карда шудааст, бо далелҳо нақл карда мешавад.

Дар филми мазкур далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои зишту террористии афроди фурӯхташуда, аз ҷумла қатлу куштор ва ранҷу ситам додани мардуми бегуноҳ, ғорату гаравгонгирӣ ва аз байн бурдани равшанфикрони миллат нишон дода шудаанд, ки тамошои саҳнаҳои гуногуни он ҳар як инсони соҳибақлу бохирадро бетаъсир намегузорад ва водор менамояд, ки аз ин давраи нангини таърихӣ сабақ гирад ва саъю талош намояд, ки худ ва дигарон боиси чунин бадбахтие нагарданд. Филми мазкур нишон медиҳад, ки он чӣ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба сари миллати тоҷик хоинони ин миллат овардаанд, ҳамчун як амали хоинона ва зиддиинсонӣ нобахшиданӣ буда, бояд маҳкум карда шавад. Пас аз тамоиши ин филм ҳеҷ шахсе, ки дар замираш раҳму шафқат ва инсонияту имон аст, наметавонад нисбат ба нафарони ҷанги шаҳрвандию ҳазорҳо бадбахтии дигарро бар сари миллати тоҷик оварда нафрат надошта бошад.

Баъд аз тамошои филм кормандони Марказ, аз ҷумла директори Марказ Икромӣ Х. И., сардори раёсати таҳияи маводди имтиҳонӣ Азимов Ҷ. А., сармутахассисони раёсати мазкур Мирзоматов Н. ва Зарифов Н. Ҳ. дар бораи филми мазкур ва таассуроташон аз он изҳори назар карда, инчунин дар бораи ҳаводиси нангини даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки боиси марги ҳазорҳо одамони бегуноҳу аз даст додани зиёиёни бузурги миллати тоҷик гардидааст, нақл карданд.

Баромадкунандагон даъват аз он карданд, ки ҳар як нафар, пеш аз ҳама, зиракии сиёсиро бояд аз даст надиҳад ва фирефтаи ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳое, ки ҳадафу мақсади нопок дошта, дар пайи харобии кишварҳо ва аз байн бурдани оромию осудагии мардум ҳастанд, нашавад.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона