imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ЭЪЛОН! ЗАМОНИ ФАЪОЛШАВИИ КАБИНЕТҲОИ ИНФИРОДИИ ДОВТАЛАБОНИ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ НОМНАВИСШУДА

Эълон
ЗАМОНИ ФАЪОЛШАВИИ КАБИНЕТҲОИ ИНФИРОДИИ ДОВТАЛАБОНИ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ НОМНАВИСШУДА


Ба диққати довталабоне, ки аз 10-ум то 13-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ ба ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020 холимонда худро аз нав сабти ном кардаанд, расонида мешавад, ки чунин довталабон бояд аз кабинетҳои инфиродии навашон истифода кунанд. Маълумоти зарурӣ (рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ) барои воридшавӣ ба кабинети инфиродии довталаб дар варақаи бақайдгирии нави баъди аз нав аз қайд гузаштанаш ба ӯ додашуда дарҷ гардидааст.

Лозим ба зикр аст, ки кабинетҳои инфиродии довталабони аз нав номнависшуда рӯзи 17-уми август (рӯзи эълони натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ) фаъол мегардад. Вобаста ба ин, воридшавии чунин довталабон ба кабинетҳои инфиродиашон то 17-уми август имконнопазир буда, онҳо ба кабинетҳои инфиродиашон дар рӯзи эълони натиҷаҳои озмуни мазкур ворид шуда метавонанд.

Хотиррасон мекунем, ки бо маълумоти муфассал дар бораи имкониятҳо ва тарзи истифодаи кабинети инфиродӣ аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/images/Downloads/10_kabineti_infirodi.pdf) ҷойгир карда шудааст, шинос шудан мумкин аст. Инчунин, маълумоти муфассал дар бораи тартиби барқарор кардани рамз барои воридшавӣ ба кабинети инфиродии довталаб тавассути паёмак (SMS) дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/1002-barqaror-kardani-ramz.html) гузошта шудааст.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона