imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ЭЪЛОН! АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ


АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ


Ба диққати довталабоне, ки ба тақсимоти асосии довталабон (натиҷаҳои он 24-уми июл эълон гардид) роҳ ёфта, лекин дар тақсимоти мазкур аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб нагардиданд, расонида мешавад, ки барои иштироки довталабон дар тақсимоти такрорӣ ба ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020 холӣ мондаанд, азнавбақайдгирӣ баргузор карда мешавад. Азнавбақайдгирии довталабон барои иштирокашон дар тақсимоти такрорӣ аз 10-ум то 13-уми август сурат мегирад. Натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси балҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад, 17-уми август эълон карда мешавад.

Хотиррасон менамоем, довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимот роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.

Довталабро зарур аст, ки барои азнавбақайдгирӣ дар рӯзи муқарраршуда дар нуқтаи бақайдгирии дахлдор (дар ин бора паёмак (SMS) фиристода шудааст) ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:

1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (барои хатмкунандагони синфи 9 ум – маълумотнома бо сурат аз ҷойи истиқомат);

2) варақаи бақайдгирӣ (ё даъватнома);

3) расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи иловагӣ.

Маблағи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ 25 (бисту панҷ) сомонӣ муқаррар гардидааст. Тибқи тартиби муқарраршуда шахсони зерин аз пардохти ин маблағ озоданд:

- ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола;

- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”-е, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд.

ТАВАҶҶУҲ! Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, дар сомонаи Марказ гузошта шудааст. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки  бо истифода аз рӯйхати мазкур комбинатсияҳои ихтисосҳоро пешакӣ интихоб намуда, баъдан ба нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд ва тибқи тартиботи муқарраршуда ба бартарии интихобҳо диққат дода, хато накунанд.

Хотиррасон мекунем, ки Марказ ба рақами телефони мобилии ҳар довталабе, ки ҳуқуқи иштирокро дар тақсимоти такрорӣ дорад, паёмак (SMS) фиристод. Дар ин паёмак дар бораи кадом рӯз ба кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шудани довталаб маълумот дода шудааст. Агар довталаб бо сабабе ин паёмак (SMS)-ро дарёфт накарда бошад, барои гирифтани маълумот дар бораи рӯз ва макони азнавбақайдгириаш тавассути телефон (рақамҳо: 224 53 68 ва 224 53 73) бо шахси масъули Марказ дар тамос шавад. Вобаста ба ин, ба довталабон таъкид менамоем, ки барои азнавбақайдгирӣ тибқи замон ва макони дар паёмак нишондодашуда ба нуқтаи бақайдгирии дахлдор ҳозир шаванд.

Рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар заминаи онҳо барои азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ тибқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, дар зер оварда шудааст.

Тартиби тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳои холимонда тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020” бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 уми августи соли 2020, № 1952 тасдиқ гардидааст. Матни пурраи тартиби мазкур дар зер оварда шудааст.

Мувофиқи тартиби мазкур тақсимоти такрории довталабон аз нав имтиҳон супоридани довталабонро талаб намекунад ва он аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои аз нав интихобкардаи довталабон дар асоси балҳои умумии аз қисмҳои дахлдор бадастовардаашон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии “Довталаб” дар асоси озмун анҷом дода мешавад.

Дар тақсимоти такрорӣ шахсони зерин ҳуқуқи иштирок карданро доранд:

- довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, лекин тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд;

- довталабони ятим ва бепарасторе, ки ба тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ ба гурӯҳҳои пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тақсимот шудаанду бинобар надоштани имкони пардохти маблағи шартномаи таҳсил ба ин муассисаҳои таълимӣ ҳуҷҷат насупоридаанд;

- довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ тақсимот шудаанду бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.


ТАВАҶҶУҲ! Ташхиси тиббии довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муайян кард, ки баъзе аз довталабони ба ин ду донишгоҳ тақсимотшуда гирифтори бемориҳое ҳастанд, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд. Бинобар ин, довталабони мазкур ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашуданд. Вобаста ба ин, ба довталабоне, ки ихтисосҳои тиббиро интихоб кардан мехоҳанд, тавсия медиҳем, ки боНомгӯйи бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил карданро надоранд”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2018, № 475 тасдиқ шудааст, пешакӣ шинос шаванд. Хотиррасон мекунем, ки агар баъд аз озмуни тақсимоти такрорӣ низ муайян карда шавад, ки довталаби ба яке аз муассисаҳои таълимии тиббӣ тақсимотшуда гирифтори чунин беморӣ аст, муассисаи таълимӣ ин довталабро қабул намекунад.

 

Довталабе, ки дар тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирок карданро дорад, дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро метавонад интихоб намояд.

Маълумоти муфассалро дар бораи тартиби интихоби ихтисосҳо вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳои интихобкардаи аввалӣ ва балҳои аз субтесту қисмҳои дахлдор бадастовардаи довталаб, ки дар озмуни тақсимоти такрорӣ ба назар гирифта мешавад, инчунин шкалаҳое, ки барои шкалабандии холҳои ҳар субтести дахлдор бадастовардаи довталаб истифода мешавад, аз “Тартиби тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳои холимонда тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020” мутолиа кардан мумкин аст.



Тартиби тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳои холимонда тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020


1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳои холимонда тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020 (минбаъд – Тартиб) дар асоси “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, тартиби баргузории тақсимоти такрории довталабонро ба ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020 холӣ мондаанд, муайян менамояд.

2. Тақсимоти такрории довталабон аз нав имтиҳон супоридани довталабонро талаб намекунад ва он аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои аз нав интихобкардаи довталабон дар асоси балҳои умумии аз субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ), инчунин аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – барои ихтисосҳои дахлдор) ё қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ – барои ихтисосҳои дахлдор) бадастовардаашон, ки аз рӯйи холҳои бадастовардаи онҳо тибқи Тартиби мазкур ҳисоб карда мешавад, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Марказ) тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии “Довталаб” дар асоси озмун анҷом дода мешавад.

3. Дар тақсимоти такрорӣ шахсони зерин ҳуқуқи иштирок карданро доранд:

- довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, лекин тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд;

- довталабони ятим ва бепарасторе, ки ба тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ ба гурӯҳҳои пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тақсимот шудаанду бинобар надоштани имкони пардохти маблағи шартномаи таҳсил ба ин муассисаҳои таълимӣ ҳуҷҷат насупоридаанд;

- довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ тақсимот шудаанду бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

4. Барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ довталаб бояд тибқи тартиби муқарраргардида аз нав сабти ном кунад.

5. Довталабе, ки дар тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирок карданро дорад, дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб карда метавонад.

6. Тақсимоти такрории довталабон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои дар давраи азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ интихобкардаашон дар доираи шумораи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён холӣ мондаанд, амалӣ мешавад.


2. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ

7. Довталаб барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирокаш дар тақсимоти такрорӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намояд:

- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (барои хатмкунандагони синфи 9-ум – маълумотнома бо сурат аз ҷойи истиқомат);

- варақаи бақайдгирӣ (ё даъватнома);

- расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи иловагӣ барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ.


3. ТАРТИБИ ИНТИХОБИ ИХТИСОСҲО ҲАНГОМИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ БАРОИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ АЗ ҚИСМҲОИ А (ИМТИҲОН ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ), В (ИМТИҲОНҲОИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТИ МАХСУС) ВА Г (ИМТИҲОНҲОИ ИЛОВАГИИ ТАХАССУСӢ) ЯК Ё ЧАНДТОАШРО СУПОРИДААНД

8. Довталабе, ки:

- танҳо аз ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, ихтисосҳоеро метавонад интихоб намояд, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб менамоянд;

- танҳо аз ду субтести аввали қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, ихтисосҳоеро метавонад интихоб намояд, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб менамоянд;

- дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) низ холи гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб менамоянд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд;

- дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) низ холи гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ҳам ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб менамоянд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд.

9. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.

10. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), ки аз ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардидаанд, ҳуқуқ доранд, ки ихтисосҳоеро, ки супоридани ин қисмро талаб мекунанд, дар доираи ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо ё гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) интихоб кунанд.

11. Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) низ холи гузаришро соҳиб гардида бошад, ихтисосҳои дахлдорро дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои зерин чунин интихоб карда метавонад:

- ихтисосҳоеро, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб мекунанд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд, аз гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардааш – 2-юм (иқтисод ва география);

- танҳо ихтисосҳоеро, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб мекунанд, аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ).

12. Довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш), ки танҳо аз ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардидаанд, ихтисосҳоеро, ки супоридани ин қисмро талаб менамоянд, дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои зерин интихоб карда метавонанд:

- гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон – мувофиқан 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ), 5-ум (тиб, биология ва варзиш);

- гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ);

- гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география).

13. Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ё 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ё 5-ум (тиб, биология ва варзиш), дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) ва (ё) аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) низ холҳои гузаришро соҳиб гардида бошад, ихтисосҳои дахлдорро дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои зерин чунин интихоб карда метавонад:

- ихтисосҳоеро, ки супоридани танҳо ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб мекунанд ва (ё) ихтисосҳоеро, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд ва (ё) ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Г ро талаб мекунанд, аз гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардааш – мувофиқан 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ), 5-ум (тиб, биология ва варзиш);

- танҳо ихтисосҳоеро, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб мекунанд, аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ);

- танҳо ихтисосҳоеро, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб мекунанд, аз гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география).

14. Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ё 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ё 5-ум (тиб, биология ва варзиш) танҳо аз ду субтести аввали қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардида бошад, ихтисосҳоеро, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва В-ро талаб менамоянд, танҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардааш – мувофиқан 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ), 5-ум (тиб, биология ва варзиш) метавонад интихоб кунад.

15. Довталабе, ки аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш ду субтести аввали қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро супорида, ба тақсимот роҳ ёфтааст, ҳуқуқ дорад, ки дар сурати якхела будани шарту талаботи қисми В-и як ихтисос дар якчанд муассисаи таълимӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ чунин ихтисосро дар доираи самти дахлдор (санъат (тасвирӣ ё мусиқӣ), варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, динӣ) аз якчанд муассисаи таълимӣ интихоб намояд.


4. ТАРТИБИ ИНТИХОБИ ИХТИСОСҲО ҲАНГОМИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ БАРОИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ АЗ ҚИСМҲОИ Б (ИМТИҲОН ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ АСОСӢ) ВА В (ИМТИҲОНҲОИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТИ МАХСУС) ЯК Ё ҲАР ДУРО СУПОРИДААНД

16. Довталабе, ки:

- танҳо аз ҳамаи субтестҳои қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, ихтисосҳоеро метавонад интихоб намояд, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми Б-ро талаб менамоянд;

- дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ), аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) низ холи гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани танҳо қисми Б ро талаб менамоянд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои Б ва В ро талаб менамоянд.

17. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.

18. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.

19. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.

20. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.

21. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш), ки танҳо аз ҳамаи субтестҳои қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардидаанд, ихтисосҳоеро, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб менамоянд, дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо (5-ум ё ҳар гурӯҳи ихтисоси дигар) интихоб карда метавонанд.

22. Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш), дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ), аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) низ холи гузаришро соҳиб гардида бошад, ихтисосҳои дахлдорро дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои зерин чунин интихоб карда метавонад:

- ихтисосҳоеро, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми Б-ро талаб мекунанд ва (ё) ихтисосҳоеро, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш);

- танҳо ихтисосҳоеро, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми Б-ро талаб мекунанд, дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои дигар – 1-ум (табиӣ ва техникӣ), 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ё 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ).

23. Довталабе, ки аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш ду субтести аввали қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро супорида, ба тақсимот роҳ ёфтааст, ҳуқуқ дорад, ки дар сурати якхела будани шарту талаботи қисми В-и як ихтисос дар якчанд муассисаи таълимӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ чунин ихтисосро дар доираи самти дахлдор (санъат (тасвирӣ ё мусиқӣ), варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, динӣ) аз якчанд муассисаи таълимӣ интихоб намояд.


5. ТАРТИБИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ

24. Вобаста аз навъ ва гурӯҳи ихтисосҳо тақсимоти такрории довталабоне, ки аз қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) як ё чандтоашро супорида, ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳо ва қисмҳои дахлдор соҳиб шудаанд, аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география) барои ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ҳар субтести қисми А, новобаста аз фанҳои таълимӣ, дар ин ҳолат шкалаи 125-балӣ истифода мешавад, яъне субтести 1-ум – 125 бал, субтести 2-юм – 125 бал, субтести 3-юм – 125 бал ва субтести 4-ум – 125 бал;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисми А, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш) барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми А-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ҳар субтести қисми А дар ин ҳолат шкалаҳои мувофиқ, ки вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ихтисосҳои супоридани ҳар 4 субтести қисми мазкурро талабкунанда муқаррар гардидаанд, истифода мешаванд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми А ва аз қисми В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география) барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ҳар ду субтести аввали қисми А дар ин ҳолат шкалаи 125 балӣ (яъне, субтести 1-ум – 125 бал ва субтести 2-юм – 125 бал) ва барои шкалабандии холҳои қисми В шкалаи 250-балӣ истифода мешаванд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми А ва аз қисми В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5 ум (тиб, биология ва варзиш) барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ду субтести аввали қисми А дар ин ҳолат мувофиқан шкалаҳои 75 ва 175-балӣ (яъне, субтести 1-ум – 75 бал ва субтести 2-юм – 175 бал) ва барои шкалабандии холҳои қисми В шкалаи 250-балӣ истифода мешаванд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Г, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ҳар субтести қисми А дар ин ҳолат шкалаҳои мувофиқ, ки вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ихтисосҳои супоридани ҳар 4 субтести қисми мазкурро талабкунанда муқаррар гардидаанд ва барои шкалабандии холҳои қисми Г шкалаи 500-балӣ истифода мешаванд.

25. Вобаста аз намуд ва гурӯҳи ихтисосҳо тақсимоти такрории довталабоне, ки аз қисмҳои Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) як ё ҳар дуро супорида, ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми Б ва аз қисми В соҳиб шудаанд, аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз субтетҳои қисми Б ва бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ), 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) барои ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми Б-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ҳар субтести қисми Б, новобаста аз фанҳои таълимӣ, дар ин ҳолат шкалаи 100-балӣ истифода мешавад, яъне субтести 1-ум – 100 бал, субтести 2-юм – 100 бал ва субтести 3-юм – 100 бал;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисми Б, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми Б-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ҳар субтести қисми Б дар ин ҳолат шкалаҳои мувофиқ, ки вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ихтисосҳои супоридани ҳар 3 субтести қисми мазкурро талабкунанда муқаррар гардидаанд, истифода мешаванд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми Б ва аз қисми В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ), 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б ва аз қисми В-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ҳар ду субтести аввали қисми Б дар ин ҳолат шкалаи 125-балӣ (яъне, субтести 1-ум – 125 бал ва субтести 2-юм – 125 бал) ва барои шкалабандии холҳои қисми В шкалаи 250-балӣ истифода мешаванд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми Б ва аз қисми В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ду субтести аввали қисми Б дар ин ҳолат мувофиқан шкалаҳои 75 ва 175-балӣ (яъне, субтести 1-ум – 75 бал ва субтести 2-юм – 175 бал) ва барои шкалабандии холҳои қисми В шкалаи 250-балӣ истифода мешаванд.

26. Тақсимоти такрории довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон мураттабшуда, ки барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур тартиб дода шудааст, анҷом дода мешавад.

27. Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимоти такрорӣ дар навбати аввал аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси якум нишондодааш комёб шавад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои минбаъдаи интихобкардааш ба роҳ монда намешавад.

28. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), нагузарад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи дуюм нишон додааст (яъне бартарии интихобаш дуюм), ба роҳ монда мешавад. Раванди тақсимот бо ин тартиб то замоне идома меёбад, ки довталаб ё аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб мешавад ё аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб намешавад.

29. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шуда бошад, он гоҳ, новобаста аз он ки бали умумии бадастовардааш барои тақсимот шуданаш аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) минбаъдаи интихобкардааш кофӣ аст, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) минбаъдаи интихобкардааш баррасӣ намешавад.


6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

30. Натиҷаи аз қисми В бадастовардаи довталаб дар озмуни тақсимот танҳо барои ихтисосҳое ба назар гирифта мешавад, ки супоридани ин имтиҳонҳоро талаб мекунанд. Агар довталаби ихтисосҳои қисми В-доштаро интихобкарда қисми А ро пурра супорида бошад, барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми В ро талаб мекунанд, натиҷаҳои бадастовардаи довталаб аз қисми В ва танҳо аз ду субтести аввали қисми А ба назар гирифта мешавад. Барои чунин ихтисосҳо натиҷаҳои аз ду субтести охири қисми А бадастовардаи довталаб ба назар гирифта намешавад. Инчунин, агар довталаби ихтисосҳои қисми В-доштаро интихобкарда қисми Б-ро пурра супорида бошад, барои ин гуна ихтисосҳо натиҷаҳои бадастовардааш аз қисми В ва танҳо аз ду субтести аввали қисми Б ба назар гирифта мешавад. Барои чунин ихтисосҳо натиҷаи аз субтести охири қисми Б бадастовардаи довталаб ба назар гирифта намешавад.

31. Агар довталаб ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихоб карда бошад, натиҷаи бадастовардааш аз қисми Г.1 барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва баръакс, холҳои бадастовардаи ӯ аз қисми Г.2 барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба назар гирифта намешавад. Инчунин, натиҷаи аз қисми Г.1 ва ё қисми Г.2 бадастовардаи довталаб барои ихтисосҳое, ки супоридани ин қисмро талаб намекунанд, ба ҳисоб гирифта намешавад.



Рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар заминаи онҳо барои азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ тибқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд

 

Р.т.

Рақами НБ

Муассисае, ки дар заминаи он НБ ташкил карда мешавад

ном

нишонӣ

нуқтаи роҳнамо (ориентир)

Шаҳри Душанбе

1.

01/01

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 11

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Шарқ, 56

бозори “Меҳргон”

2.

01/02

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 34

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 149/1

факултаи агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Депои троллейбусҳои № 1

3.

01/03

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Шевченко, 109

Бонки аввалини молиявии хурд, таваллудхонаи шаҳрии № 2

4.

01/04

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистон

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15

хонаҳои Қайроққум дар роҳи бетонӣ (дар муқобили шаҳраки донишҷӯёни ДМТ)

5.

01/05

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаб

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59

беморхонаи “Қаряи боло”, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи  Тоҷик”

6.

01/06

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56

шаҳри Душанбе, ноҳияи  Сино, кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ, 67а

бозорчаи “Дӯстӣ”

7.

01/07

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 96

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон-1

маркази савдои “Испечак”, бозорчаи “Зарафшон” (маҳаллаи Зарафшон)

8.

01/08

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24

шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 61

бозори “Саховат”, паси тарабхонаи “Суғдиён”

9.

01/09

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72-и ба номи Гулчеҳра Сулаймонӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи  Фирдавсӣ, кӯчаи  Мушфиқӣ, 109

Кохи варзиш (соҳили дарёи Душанбе)

10.

01/10

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71-и ба номи Юсуф Акобиров

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ, 265/1

маҳаллаи 7-ум километр

11.

01/11

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17

маркази савдои “Ёқут-2000”, чойхонаи “Вохӯрӣ” (саристгоҳи роҳи оҳан)

Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

12.

01/12

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайров

ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27

маркази ноҳия (шаҳраки Ғарм)

Вилояти Суғд

13.

02/01

Гимназияи № 24-и ба номи Бобоҷон Ғафуров

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19-ум

Хаймаи “Хайём”, ташкилоти амонатии қарзии хурд “Матин” (маҷмааи “Баҳори Аҷам”)

14.

02/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимӣ

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5

маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат)

15.

02/03

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12‑и ба номи Аловиддин Бобоев

шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомо, 166

маркази савдои “Гулбаҳор”

16.

02/04

Гимназияи № 5-и ба номи Раҷаб Амонов

шаҳри Истаравшан, кӯчаи А. Юсупов, 93

бонки “Эсхата” (маҳаллаи Қаробек)

17.

02/05

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи И. П. Разин

шаҳри Панҷакент, кӯчаи  Д. Бобораҷабов, 37

ҳукумати шаҳр, тарабхонаи “Дӯстӣ”

Вилояти Хатлон

18.

03/01

Литсейи тамоюли технологии ба номи Назир Назирматов

шаҳри Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

19.

03/02

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3‑и ба номи М. Турсунзода

шаҳри Бохтар, кӯчаи Рӯдакӣ, 2а

беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ

20.

03/03

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ба номи Лоиқ Шералӣ

шаҳри Бохтар, кӯчаи Мирзоқодирова, 7

варзишгоҳи марказӣ

21.

03/04

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12‑и ба номи Анварбек Ҳамидов

шаҳри Бохтар, кӯчаи Дзержинский, 17

Маркази Ҷавонони Вилояти Хатлон

22.

03/05

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи В. П. Чкалов

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40

боғи фарҳангӣ

23.

03/06

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Д. Назаров

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385

терминали шаҳри Кӯлоб (корхонаи таъмири техника)

24.

03/07

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51-и ба номи Худоёр Раҷабов

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 1

дар шафати корхонаи нонбарорӣ

25.

03/08

Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун

ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30

шуъбаи маориф

26.

03/09

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4

ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шариф

роҳи марказӣ

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

27.

04/01

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28

бинои ҳукумати вилоят

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона