imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ФЕҲРИСТИ ИХТИСОСҲО ВА ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ БА ИН ИХТИСОСҲО МУВОФИҚАТКУНАНДАИ ОЛИМПИАДАҲОИ ҶУМҲУРИЯВИЮ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, КИ АЗ РӮЙИ ОНҲО ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ ИМТИЁЗ ДОДА МЕШАВАД

Феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таълимии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки аз рӯйи онҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад


Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) барои дастовардҳои довталабон, аз ҷумла ғолибият дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ имтиёз пешбинӣ гардидааст.

Имтиёз ба довталабони дахлдор мувофиқи «Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми октябри соли 2016, № 3839 тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми ноябри соли 2016, № 832 қайд шудааст, дода мешавад.

Мувофиқи тартиби мазкур яке аз шартҳои додани имтиёз ба довталаби дорои дастовард мувофиқати дастоварди ӯ ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардааш аст. Аз ҷумла, ғолибияти довталаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз рӯйи фанни таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таҳсилоти миёнаи умумии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб ба фанни олимпиада мувофиқат намояд.

Вобаста ба ин, масалан, ҳарчанд фанни география яке аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) бошад ҳам, он на барои ҳамаи ихтисосҳои гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм фанни асосии имтиҳонӣ аст. Яъне, ба ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз фанни география на аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм имтиёз дода мешавад, балки ин дастовард танҳо барои ихтисосҳои зерин ба назар гирифта мешавад:

Р.т.

Ихтисос

рамз

ном

1.

196010103

Бехатарии иқтисодӣ

2.

1020402

География

3.

2020402

География

4.

2310201

География

5.

202040501

География

6.

1020405

География. Асосҳои иқтисодиёт

7.

102040501

География. Биология

8.

102040503

География. Биология

9.

1020405

География. Иқлимшиносӣ

10.

102040503

География. Иқтисодиёт

11.

1020405

География. Ихтисоси иловагӣ (демография)

12.

1020405

География. Хариташиносӣ

13.

102040504

География. Ҳифзи табиат

14.

1020405

География. Яхшиносӣ

15.

13102010203

Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат

16.

102040504

Геоэкология

17.

125010717

Иқтисод ва идораи сайёҳӣ

18.

125010718

Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи хоҷагиҳои меҳмондорӣ ва тарабхона

19.

125010717

Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ

20.

125010717

Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои сайёҳӣ

21.

227013123

Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи сайёҳӣ

22.

2270131

Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи туризм

23.

227013123

Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи туризм

24.

125010722

Иқтисодиёти истифодаи табиат

25.

126020210

Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ

26.

1890101

Саёҳат ва меҳмондорӣ

27.

1890101

Туризм


Инчунин, масалан, ҳарчанд фанни физика яке аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биоогия ва варзиш) бошад ҳам, он барои ихтисосҳои ин гурӯҳ фанни асосии имтиҳонӣ нест, ба истиснои ихтисосҳои 2800151 – “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ”, 2810242 – “Ташхис ва табобати нурӣ” ва 131040309 – “Электроникаи тиббӣ”. Аз ин лиҳоз, ғолибияти довталаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз фанни физика танҳо барои ихтисосҳои зерини гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум ба назар гирифта мешавад: 2800151 – “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ”, 2810242 – “Ташхис ва табобати нурӣ”, 040302– “Химия, физика ва механикаи мавод” ва 131040309 – “Электроникаи тиббӣ”.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи яке аз шартҳои дигари тартиби муқарраргардида ба довталаби ғолиби ҷойи 1-ум, 2-юм ё 3-юми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи фанни таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сурате имтиёз дода мешавад, ки олимпиадаи мазкур, ки довталаб аз он дастовард дорад, дар ҳамон соле, ки довталаб имтиҳон месупорад, баргузор шуда бошад. Ба довталаби ғолиби ҷойи 1-ум, 2-юм ё 3-юми олимпиадаи байналмилалӣ аз рӯйи фанни таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сурате имтиёз дода мешавад, ки агар аз баргузории олимпиадаи мазкур то соли имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 2 сол бештар нагузашта бошад.

Ба довталабоне, ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба гирифтани имтиёз ҳуқуқ доранд, имтиёз дар сурати ба даст овардани холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А ё қисми Б, инчунин аз қисми В ва (ё) қисми Г (дар сурати супоридани чунин имтиҳон) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Вобаста ба ин, агар довталаб аз як ё якчанд субтести қисми А ё қисми Б ба холи гузариш соҳиб нашавад, ӯ на танҳо аз ҳуқуқи гирифтани имтиёз маҳрум мегардад, балки ӯ ба озмуни тақсимот низ роҳ намеёбад.

Бо фанҳои таълимии ба ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз “Феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таълимии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки аз рӯйи онҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад (донишгоҳу донишкадаҳо)” ва “Феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таълимии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки аз рӯйи онҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад (коллеҷҳо)” шинос шудан мумкин аст.


ТАВАҶҶУҲ! Дастоварди довталаб дар соҳаи санъат ва фарҳанг (аз ҷумла, ғолибият дар озмуну фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии соҳаи санъат ё фарҳанг) танҳо барои ихтисосҳои аз соҳаи санъат ё фарҳанг интихобкардааш ба назар гирифта мешавад. Чунин дастовардҳо барои ихтисосҳои дигаре, ки ба соҳаи санъат ё фарҳанг дахл надоранд, ба назар гирифта намешавад. Инчунин, дастоварди довталаб дар соҳаи варзиш танҳо барои ихтисосҳои аз соҳаи варзиш интихобкардааш ба назар гирифта мешавад. Чунин дастовардҳо барои ихтисосҳои дигаре, ки ба соҳаи варзиш дахл надоранд, ба эътибор гирифта намешавад.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона