imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

АККРЕДИТАТСИЯИ НАМОЯНДАГОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА БАРОИ БОЗДИД АЗ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Аккредитатсияи намояндагони ВАО барои боздид аз марказҳои имтиҳонӣ дар давраи баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ба таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25- уми июни соли 2020 аккредитатсияи намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО)-ро барои боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва инъикоси иттилоотии баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна олии касбӣ (ИМД), ки аз 1- ум то 7- уми июли соли ҷорӣ дар 48 маркази имтиҳонӣ доир мегарданд, оғоз менамояд.

Хотиррасон менамоем, ки марказҳои имтиҳонӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил карда мешаванд.

Лозим ба зикр аст, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузури намояндагони ВАО, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ барои боздиди марказҳои имтиҳонӣ аз аккредитатсия гузаштаанд, дар маркази имтиҳонӣ то оғози имтиҳон иҷозат дода мешавад.

Намояндагони ВАО, ки хоҳиши боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва инъикоси иттилоотии раванди ИМД-ро доранд, бояд ба Марказ муроҷиат намоянд. Барои баррасии муроҷиат пешниҳоди маълумоти зерин лозим аст:

1. Номи пурра ва расмии ВАО; ҳудуди паҳншавии маҳсулоти ВАО; шакли нашри иттилоот; даврияти чопи ВАО; адади нашри ВАО; индекси почта ва нишонии редаксияи ВАО; рақами телефон ва факси сармуҳаррири ВАО, нишонии почтаи электронӣ;

2. Ному насаб (пурра)-и намояндаи ВАО, вазифаи ишғолнамудааш, рақами телефони корӣ ва факс, ки барои ба таври фаврӣ бо ӯ доимо дар тамос будан имконият медиҳад.

3. Номи пурра ва расмии ВАО/журналисти хориҷӣ, давлат; шаҳодатномаи аккредитатсияи ВАО/журналист дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи ишғолнамудаи намояндаи ВАО, рақами телефони корӣ/мобилӣ ва почтаи электрониаш, ки барои ба таври фаврӣ бо ӯ доимо дар тамос будан имконият медиҳад.

Муҳлати ниҳоии қабули дархостҳо аз намояндагони ВАО барои аккредитатсия –
30-уми июни соли 2020 то соати 10:00.

Телефонҳо барои тамос: 224 53 68, 224 53 66; 882 20 07 07
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона

Марказҳои имтиҳонӣ дар ИМД-2020