imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ҶАДВАЛИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲО (ҚИСМҲОИ А, Б ВА В)

Ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (қисмҳои А, Б ва В)


Ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонем, ки ҷадвали баргузории даврҳои асосӣ ва иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) дар соли 2020 дар сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шуд.

Бо дарназардошти ҷадвали тасдиқгардида даъватномаҳои довталабон – шахсони аз 2-юми март то 30-юми апрел номнависшуда омода ва ба онҳо тибқи макони нишондодаашон дар вақти бақайдгирӣ, ки дар варақаи бақайдгирӣ навишта шудааст, фиристода мешавад. Инчунин, нусхаи электронии даъватномаҳо дар кабинетҳои инфиродии довталабон ҷойгир карда мешавад. Лозим ба зикр аст, ки маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватнома ва кабинети инфиродияш дарҷ мегардад.

Довталаб бояд даъватномаашро аз ҷойе, ки онро дар вақти бақайдгирӣ нишон додааст, дастрас кунад. Дар ҳолати дастрас нагардидани даъватнома ва ё гум шудани он довталаб метавонад нусхаи электронии даъватномаашро аз кабинети инфиродиаш пас аз ҷойгир гардидани он, ки дар ин бора ба довталаб паёмак (SMS) фиристода мешавад, сабт ва чоп кунад ё дар зарурат барои дастрас кардани даъватнома ба Марказ ё бахши минтақавии он муроҷиат намояд.

Ёдрас мекунем, ки қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро, дар баробари ду субтести аввал (1-ум ва 2-юм)-и қисми А ё қисми Б, довталабоне, ки барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобнамудаашон дар асоси талаботу қоидаҳои муқарраргардида омодагии эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус доштанашон ҳатмист, месупоранд.

Гарчанде довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ё ибтидоӣ ва ё миёнаи касбӣ, ки танҳо ихтисосҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус (қисми В) талабкунандаро интихоб кардааст, аз супоридани ду субтести охири қисми А (субтестҳои 3-юм ва 4-ум) озод аст, дар имтиҳон ба ӯ низ китобчаи тест бо 4 субтест пешниҳод мегардад ва ин довталаб ихтиёр дорад, ки саволу масъалаҳои фақат ду субтести аввал (1-ум ва 2-юм) ё ҳар чор субтестро иҷро кунад. Агар чунин довталаб, ки ҳар чор субтести қисми А-ро иҷро кардааст, холҳои гузаришро аз ҳамаи ин субтестҳо соҳиб шуда бошад, дар сурати комёб нашуданаш дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ихтисосҳои қисми В-ро талабкунанда ҳуқуқ дорад, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ ихтисосҳои дигарро (ихтисосҳоеро, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд) низ интихоб намояд.

Ҳамчунин, дар имтиҳон ба довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), ки бинобар танҳо ихтисосҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус (қисми В) талабкунандаро интихоб карданаш, аз супоридани субтести охири қисми Б (субтести 3-юм) озод аст, китобчаи тест бо 3 субтест дода мешавад ва ӯ ихтиёр дорад, ки саволу масъалаҳои фақат ду субтести аввал (1-ум ва 2-юм) ё ҳар се субтестро иҷро кунад. Ба чунин довталаб, ки ҳар се субтести қисми Б-ро иҷро карда, холҳои гузаришро аз ҳамаи ин субтестҳо соҳиб шуда бошад, дар сурати комёб нашуданаш дар озмуни тақсимоти асосӣ, аз рӯйи ихтисосҳои қисми В-ро талабкунанда ҳуқуқ дода мешавад, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ ихтисосҳои дигарро (ихтисосҳоеро, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд) низ интихоб намояд.

Хотиррасон мекунем:

1) маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории довталаб дар даъватномааш қайд мешавад. Ин маълумот барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродияш низ дастрас мегардад;

2) довталаб бояд ба макони имтиҳонсупорӣ 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон ҳозир шавад ва бо худ шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, даъватнома, ниқоби тиббӣ ва ду ручкаи одии рангаш сиёҳро дошта бошад.



Ҷадвали баргузории даврҳои асосӣ ва иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) дар соли 2020


I. ДАВРИ АСОСӢ


1. Қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум)

Р.т.

Гурӯҳи ихтисосҳо

Рӯзи баргузории имтиҳон

1.

Табиӣ ва техникӣ

01.07.2020

2.

География ва иқтисод

02.07.2020

3.

Филология, педагогика ва санъат

03.07.2020

4.

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

04.07.2020

5.

Тиб, биология ва варзиш

05.07.2020*

06.07.2020**

Эзоҳ:

Мутобиқи банди 128 «Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5 (тиб, биология ва варзиш) бинобар аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд будани шумораи ин довталабон имтиҳонҳо (ҳам қисми А ва ҳам қисми Б) ба тартиби зерин 2-рӯзӣ гузаронида мешавад:

*рӯзи аввал – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо рақами тоқ тамом мешавад ва ҳамаи довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ;

** рӯзи дуюм – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо рақами ҷуфт тамом мешавад.


2. Қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум)

Р.т.

Гурӯҳи ихтисосҳо

Рӯзи баргузории имтиҳон

1.

Табиӣ ва техникӣ

07.07.2020

2.

География ва иқтисод

3.

Филология, педагогика ва санъат

4.

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

5.

Тиб, биология ва варзиш


3. Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) – аз 1 то 8 июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор.


II. ДАВРИ ИЛОВАГӢ


1. Қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум)

Р.т.

Гурӯҳи ихтисосҳо

Рӯзи баргузории имтиҳон

1.

Табиӣ ва техникӣ

12.07.2020

2.

География ва иқтисод

3.

Филология, педагогика ва санъат

4.

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

5.

Тиб, биология ва варзиш


2. Қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум)

Р.т.

Гурӯҳи ихтисосҳо

Рӯзи баргузории имтиҳон

1.

Табиӣ ва техникӣ

12.07.2020

2.

География ва иқтисод

3.

Филология, педагогика ва санъат

4.

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

5.

Тиб, биология ва варзиш


3. Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) – рӯзҳои 9 ва 10 июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона

Марказҳои имтиҳонӣ дар ИМД-2020