imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ МУВАҚҚАТИИ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ МУВАҚҚАТИИ

МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ


Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодагӣ ба ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 семинарҳои омӯзиширо барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ: роҳбарон, ёварони роҳбарон, маъмурони калон, маъмурони имтиҳон ва бақайдгирандагон аз 8-уми июн оғоз кард.

Мувофиқи эълон дар бораи кори муваққатӣ дар марказҳои имтиҳонӣ 4564 нафар хоҳишманд ҳуҷҷат супорида буданд, ки тибқи натиҷаҳои баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи хоҳишмандон ва мувофиқати онҳо ба талаботи тахассусии муқарраршуда аз рӯйи ҳуҷҷатҳои мазкур ба 2887 нафар барои ширкаташон дар семинарҳои омӯзишӣ иҷозат дода шуд.

Барои баргузории семинарҳои мазкур, ки то 18-уми июни соли ҷорӣ дар 26 нуқта (муассисаи таълимӣ)-и 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор карда мешаванд, 21 корманди Марказ ва 26 тренер (аз ҷумлаи кормандони муваққатии қаблан омӯзишдида) равона гардидаанд.

Бинобар зиёд будани теъдоди шунавандагони семинарҳои омӯзишӣ шунавандагон ба 105 гурӯҳ тақсим карда шудаанд, ки барои ҳар яке аз ин гурӯҳҳо 2-рӯзи машғулиятҳо гузаронида мешавад.

Тибқи тартиб ва барнома пас анҷоми машғулиятҳои ҳар як гурӯҳ донишу маҳорати шунавандагон дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда санҷида шуда, аз байни онҳо шахсони арзанда аз рӯйи вазифаҳои зерин ба кори муваққатӣ ҷалб карда мешаванд: 1) роҳбари маркази имтиҳонӣ, 2) ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, 3) маъмури калони имтиҳон, 4) маъмури имтиҳон, 5) бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ. Тибқи ҳисобҳо шумораи умумии кормандони муваққатии дар марказҳои имтиҳонӣ соли ҷорӣ ҷалбшаванда беш аз 2000 нафарро ташкил медиҳад.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 48 маркази имтиҳонӣ ташкил карда мешавад. Фаъолияти марказҳои имтиҳонӣ аз 1-уми июл оғоз мегардад ва кормандони интихобшуда дар ин марказҳо фаъолият хоҳанд кард.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона

Марказҳои имтиҳонӣ дар ИМД-2020