imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ТАМДИДИ МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРӢ ВА ОҒОЗИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ

ЭЪЛОН

ТАМДИДИ МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРӢ ВА ОҒОЗИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ


Ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонем, ки бинобар то кунун зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30-юми апрел тамдид карда шуд.

Инчунин, тибқи муҳлати муқарраршуда аз 16-ум то 30-юми апрел марҳалаи асосии азнавбақайдгирии довталабон ҷараён мегирад, яъне дар ин давра равандҳои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ ҳамзамон ба роҳ монда мешавад.

Довталабоне, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввала (аз ҷумла гурӯҳи ихтисосҳо, комбинатсияи ихтисосҳо, бартарии интихоби комбинатсияи ихтисосҳо, забон ё макони имтиҳонсупорӣ), маълумоти шахсии худро доранд, бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он сабти ном шуда буданд, муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо);

2) варақаи бақайдгирии марҳалаи асосии бақайдгирӣ;

3) расиди пардохти маблағи иловагӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”.


Таъкид бояд кард, ки тибқи маълумоти омории рафти бақайдгирии довталабон дар ИМД-2020 аз 2-юми март то 11-уми апрел шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии номнависшуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) 137,1 %, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) 136,1 %, ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) 113,5 %-ро аз нақшаи қабули ҳар яке аз ин гурӯҳҳо ташкил медиҳад. Шумораи довталабони бақайдгирифташуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳамагӣ 60,64 % ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) 79,05 %-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 5-ум, 4-ум ва 3-юм хеле кам аст.


Лозим ба зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ аз ИМД-2019 (бо дарназардошти ду марҳалаи бақайдгирӣ) аз рӯйи таносуби калонтарини шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум дар ҷойи 1-ум (нисбат ба нақшаи қабул 175,3 %), гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум дар ҷойи 2-юм (нисбат ба нақшаи қабул 170,6 %) ва гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм дар ҷойи 3-юм (нисбат ба нақшаи қабул 151,9 %) буд. Ҳамчунин, таносуби хурдтарини шумораи довталабон ва ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (нисбат ба нақшаи қабул 79,6 %) ва гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (нисбат ба нақшаи қабул 102,1 %) буд. Вобаста ба ин, соли 2019-ум аз шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар имтиҳонҳо иштироккарда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум 11141 нафар (36,8 %), дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум 2902 нафар (35,2 %) ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм 4841 нафар (26,4 %)-ашон бинобар роҳ наёфтан ба озмуни тақсимот ё гирифтани балҳои паст сазовори номи донишҷӯй шуда натавонистанд, ки ин ҳиссаи хеле зиёд аст. Дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум танҳо 2067 нафар (13,8 %) ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм 2155 нафар (13,2 %)-ашон аз шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар имтиҳонҳо иштироккарда донишҷӯй шуда натавонистаанд, ки ин нисбат ба ҳиссаи довталабони комёбнашудаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 4-ум ва 5-ум хеле кам аст. Бинобар ин, дар ИМД-2019 қариб ҳамаи довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум ва 2-юмро интихобкарда, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, дар озмуни тақсимот комёб шуда, донишҷӯй гардиданд. Баръакс, аксари довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 4-ум ва 5-умро интихобкарда, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, ҳатто бо холҳои баланд балҳои гузаришро соҳиб нашуда, донишҷӯй нагардиданд.


Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи довталабон тавсия медиҳем, ки бо маълумоти омории рафти бақайдгирӣ, ки дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/imd-1/hisobotho/821-hisobothoi-omori.html) ҷойгир карда шудааст, шинос шуда, дар сурати зарурат ва хоҳиш доштан, интихобҳои аввалияи худро дар давраи азнавбақайдгирӣ иваз намоянд. Ба шахсони барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ худро номнавискунанда низ тавсия медиҳем, ки аввал бо маълумоти омории зикршуда шинос шуда, ҳангоми интихоби гурӯҳ ва комбинатсияи ихтисосҳо донишу маҳорати худ, ҷойҳои ҷудошуда дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи қабул ва талаботи бозори меҳнатро ба эътибор гиранд.


Тибқи маълумоти омории то 31.03.2020 ҷамъоваришуда нишондиҳандаи баландтарини озмун барои 1 ҷой аз рӯйи интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо дар ИМД-2020 чунин аст:


iki2020

shbd2020

ozb92020

shbd92020


ТАВАҶҶУҲ! Агар довталаб дар яке аз нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ аз қайд гузашта бошад, бояд ба нуқтаи бақайдгирии дахлдор (рӯйхаташон дар сомонаи Марказ ҷойгир гардидааст), муроҷиат намояд.

Хотиррасон менамоем, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои даври 1-уми азнавбақайдгирӣ 25 (бисту панҷ) сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола, инчунин маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”-е, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, аз пардохти маблағи мазкур озоданд.


Рақамҳои телефонҳо барои тамос: 224 53 67, 224 53 73, 224 53 66.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона