ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ ТРЕНЕРОН
- Муфассал:
- Диданд: 2177
Душанбе, 3-юми апрели соли 2020
Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЭЪЛОНИ
озмун барои интихоби тренерон
Мансаб: тренер (33 ҷой);
Муддати кор: 12 рӯз (аз 1-ум то 12-уми июн бо имкони тамдид)
Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 10 нафар, н. Рашт – 1 нафар, ш. Хуҷанд – 4 нафар, ш. Истаравшан – 1 нафар, ш. Конибодом – 1 нафар, ш. Панҷакент – 1 нафар, н. Б. Ғафуров – 1 нафар, ш. Бохтар – 4 нафар, ш. Кӯлоб – 4 нафар, н. Восеъ – 1 нафар, н. Данғара – 1 нафар, н. Кӯшониён – 1 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, н. Шаҳритус – 1 нафар, ш. Хоруғ – 1 нафар
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо мақсади омӯзонидани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ Марказ барои интихоби тренерон озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида, ҳамчун тренер барои ташкил ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ масъул мегарданд.
Вазифаҳои асосӣ:
• омода намудани макони баргузории семинарҳои омӯзишӣ;
• ташкил ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ;
• интихоби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ дар асоси меъёрҳои муқарраркардаи Марказ пас аз омӯзиш;
• супоридани ҳисоботи хаттии ҷамъбастӣ оид ба рафти семинарҳои омӯзишӣ;
• пешниҳод намудани рӯйхати иштирокдорони семинарҳои омӯзишӣ, ки дар асоси озмун ба вазифаҳои гуногун интихоб гардиданд.
Талаботи тахассусӣ:
• маълумоти олӣ;
• собиқаи педагогии на камтар аз 5 сол;
• таҷрибаи кори ташкилотчигӣ: ташкили чорабиниҳои васеъ бо иштироки шумораи зиёди иштирокдорон;
• малакаи кор дар ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишӣ;
• маҳорати хуби муошират;
• малакаи озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Интихоби тренерон дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманди иштирок дар озмун бояд шакли маълумотварақаро аз Марказ, сомона ё яке аз бахшҳои минтақавии он дастрас карда, пур кунанд. Маълумотварақаи пуркардашуда, нусхаи рангаи шиноснома (бо нишон додани ҷойи зист), нусхаи варақаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи варақаи рақами инфиродии суғуртавӣ, 2 дона расм (андозаи 3х4), маълумотномаи тавсиявӣ аз ҷойи кори асосӣ ва нусхаи билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) бояд замима ва ба Марказ ё яке аз бахшҳои минтақавии он пешниҳод карда шавад. Ҳуҷҷатҳои зикршударо намогирӣ (сканер) карда, тавассути почтаи электронӣ (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) низ пешниҳод кардан мумкин аст. Нусхаи ҳуҷҷатҳои бесифат пешниҳодшуда (агар равшану хоно набошанд) ба эътибор гирифта намешаванд.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун: 10-уми апрели соли 2020, то соати 16:00.
Эълонҳо
Паём ва Суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Мақолаҳо
Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир
Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...
Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ
Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...
Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+
Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...
Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ
Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...
Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”
Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...
Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...
Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...