imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ҶАВОБҲОИ ДУРУСТИ САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТИ МАҶМӮАҲО

Душанбе, 1-уми апрели соли 2020

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тести маҷмӯаҳои қаблан чоп ва ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ройгон тақсимшуда омода гардида, дар сомонаи Марказ гузошта шуд.

Хотиррасон мекунем, ки гунаи электронии маҷмӯаҳои мазкур дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст.

Тавре ки маълум аст, маҷмӯаҳои мазкур бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест нашр гардида, қаблан эълон карда шуд, ки пас аз як муҳлати муайяни кор бо ин маҷмӯаҳо ҷавобҳои дуруст барои натиҷаи кори худро санҷидани хонандагон ва истифодабарандагони дигар нашр карда хоҳад шуд. Чунин тарзи кор беҳтарин равиш барои ташвиқи хонандагон ба донишандӯзӣ ва мустақилона кор кардан аст. Зеро нашри маҷмӯаҳо ҳамзамон бо ҷавобҳои дуруст боиси ҳифз (ба қавле “қориазёд”) кардани онҳо бе дарки моҳият ё роҳу равиши ҳалли масъалаҳо гаштанаш мумкин аст.

Таъкид мекунем, ки ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тести маҷмӯаҳо танҳо дар шакли электронӣ буда, онҳоро фақат аз сомонаи Марказ дастрас кардан мумкин аст. Бинобар роҳ ёфтани хатои техникӣ дар шарти ду саволи тест аз фанни математика (№№ 152 ва 164) ва як саволи тест аз фанни таърих (№ 16, унсури гунаи “D”) ҷавобҳои онҳо бо аломати ситорача – “*” ишора карда шудаанд. Бинобар ин, саволҳои зикршуда набояд ба назар гирифта шаванд.

Лозим ба зикр аст, ки дар ИМД-и соли ҷорӣ дар ҳар субтест (саволномаи ҳар фан) то 40 %-и саволу масъалаҳои тест аз маҷмӯаҳои нашргардида такроран истифода мешавад. Истифода аз ин маҷмӯаҳо, инчунин аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, ки Марказ онро ба тариқи бархат (онлайн) дар сомонааш роҳандозӣ кардааст, барои ба ИМД омода шудани довталабон хеле кумак хоҳад кард.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона