imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj peshnomanavisi tj cabinet tj

МУРОҶИАТНОМАИ МАХСУСИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУРОҶИАТНОМАИ МАХСУСИ
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба пешгирии амалҳои номатлуб дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи
дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020


Душанбе, 3-юми марти соли 2020

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2020, ки яке аз давраҳои муҳимми ИМД ба ҳисоб меравад, чун анъанаи солҳои пеш, ба ҳамаи шахсони хоҳишманди иштирок дар ин имтиҳонҳо ва алоқамандони дигари ИМД муроҷиат карда, бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва бовари мардум ба ашхоси қаллоб якчанд нуктаи зеринро таъкид менамояд.

Тавре ки маълум аст, қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ИМД, ки онҳоро Марказ ташкилу баргузор менамояд, соли 7-ум аст, ки амалӣ мегардад.

Низоми ИМД дар фаъолияти амалии шашсолаи худ нишон дод, ки он низоми устувору боэътимод буда, дар тамоми раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур шаффофияту адолат ва дастрасии баробар таъмин гардида, бовари ҷомеа нисбат ба ин имтиҳонҳо хеле зиёд аст. Далели ин гуфтаҳо, пеш аз ҳама, маълумоти омории ҳамасола дар бораи иштироки довталабон дар имтиҳонҳо, ки шумораашон қариб ба 100 000 мерасад ва то ба ҳол роҳ надодани ҳеҷ яке аз кормандони Марказ ба амалҳои номатлуб дар доираи ИМД аст.

Новобаста аз ин, чун ҳамасола, довталабон, падару модари онҳо ва тамоми алоқамандони ИМД-ро огоҳ менамоем, ки ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда мешавад. Дилпур бошед, ки имкони дахолати инсонӣ (аз берун) ва тақаллуб дар ИМД ҷой надорад ва Марказ барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар ин раванд тамоми тадбирҳоро меандешад, зеро, бо ин ҳама, эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку қаллобона ва ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби зумрае дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бори дигар таъкид менамоем, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон таъсире расонида наметавонад. Хоҳишмандем, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошед ва ба доми фиребу ваъдаҳои чунин қаллобон наафтед!

Бо камоли масъулият таъкид менамоем, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар низоми ИМД чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки ҳанӯз дар соли аввали роҳандозии низоми ИМД (соли 2014) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкилу баргузории ин имтиҳонҳо баҳои баланд доданд, ки далели он бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом дохил гардидани як қатор муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии то он вақт ба низом вориднашуда ва ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ мебошад.

Инчунин, дигар алоқамандон, аз ҷумла мушовирони байналмилалӣ ва фаъолони ҷомеаи академӣ, ки бевосита шоҳиди шаффофу одилона гузаштани имтиҳонҳо гардида буданд, ташкилу баргузории имтиҳонҳои соли 2014-ро, бо вуҷуди соли аввали амалишавии ин низом, бисёр хуб арзёбӣ карда буданд.

Вобаста ба ин, аз ҳар яки Шумо – алоқамандони ин низом хоҳиш мекунем, ки нисбат ба ин масъала бетараф набошед. Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок ва номҳои сохтаю бардурӯғ Шуморо бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё дар Маркази миллии тестӣ кор мекунанд ва ё бо ин ё он корманди Марказ ҳамкорӣ доранду метавонанд барои довталабро дохил кардан ба мактаби дилхоҳаш ёрӣ расонанд, ҳатто агар онҳо воқеан корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед, зеро ин ба ҷуз фиреби маҳз чизе нест!

Хотиррасон мекунем, барои муайян кардани ин, ки касе дар ИМД ба ҳеҷ довталабе, дар ҳақиқат, ёрӣ расонда наметавонад, кофист, ки аз шахсоне, ки ваъдаи ёрӣ расонидан ба довталабро медиҳанд, пурсида шавад, ки оё ба холҳои бадастовардаи довталаб ягон хол илова карда метавонанд ё не? Албатта, не, ҳатто 1 хол ҳам илова карда наметавонанд. Дар сурате ки чунин шахс ҳатто 1 хол илова карда натавонад, бо кадом роҳ ӯ ба довталаб ёрӣ мерасонад? Вобаста ба ин, агар довталабе ё падару модаре бо чунин ҳолат рӯбарӯ гардад ва барои исботи ин гуна қаллобӣ аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Марказ истифода карда натавонад, метавонад баъд аз супоридани имтиҳонҳо ба Марказ муроҷиат намояд. Бо тамоми масъулият ва бовар иброз медорем, ки дар давоми дақиқаҳои башумор бардурӯғ будани ин ваъдаҳо ва қаллоб будани ин гуна шахсонро исбот менамоем.

Боз ҳам такроран мегӯем, ҳар як довталаб ва падару модари ӯ низ чунин имкониятро доранд. Агар довталаб дар бораи шумораи холҳои бадастовардаи худ ва ба чанд бал баробар будани он маълумот дошта бошад, бешубҳа, ӯро касе фиреб дода наметавонад. Бояд донист, ки тақсимоти довталаб ба ин ё он муассисаи таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш дар асоси бали соҳибшудааш, ки аз рӯйи холҳои бадастовардааш ҳисоб карда мешавад, сурат мегирад. Вобаста ба ин, ба ҳар яке аз шахсоне, ки соли ҷорӣ дар ИМД иштирок кардан мехоҳанд, тавсия медиҳем, ки аз имкониятҳои фароҳамовардаи Марказ истифода карда, бахусус амалҳои зеринро ҳатман анҷом диҳанд:

1) дастрас кардани нусхаи варақаи ҷавобҳо аз кабинети инфиродӣ ва калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и саволҳои масъалаҳои тести дар имтиҳонҳо истифодашуда аз сомонаи Марказ;

2) мустақилона ҳисоб кардани холҳои аз ҳар субтест бадастоварда бо истифода аз варақаи ҷавобҳо ва калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и саволҳои масъалаҳо пас анҷоми имтиҳон ва аз рӯйи он муайян кардани миқдори балҳо бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки пас аз эълони натиҷаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад.

Чунонки борҳо таъкид карда будем, дар тамоми раванди ташкил ва баргузории имтиҳонҳо технологияҳои замонавӣ истифода шуда, як қатор чораҳои бехатарӣ пешбинӣ гардидаанд, ки дар сатҳи баланд, шаффофу одилона ва тибқи тартибу қоидаҳои муқарраргардида баргузор шудани имтиҳонҳоро таъмин менамоянд. Ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД – аз сабти номи довталабон то коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбасти имтиҳонҳо, арзёбии кори довталабон ва тақсимоти онҳо ба муассисаҳои таълимӣ тавассути барномаҳои компютерӣ ва воситаю технологияҳои махсуси муосир амалӣ мегардад. Бехатарию махфияти иттилоот таъмин ва бо тамоми ҷузъиёташ риоя мегардад. Рафти имтиҳонҳо дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳон бо камераҳои назорати видеоӣ сабт ва мушоҳида мегардад, ки ҳамасола довталабон, падару модарон, омӯзгорон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва алоқамандони дигари ИМД бевосита худ шоҳиди чунин ташкили кор дар марказҳои имтиҳонӣ мешаванд. Худ қазоват кунед, ки оё бо ин ҳама шароит ва тартибу талабот ба довталаб ёрӣ расонидан имконпазир аст?

Лозим ба қайд аст, ки Марказ барои такмиили низоми ИМД ва омодагии довталабон низ доимо чораҳои заруриро меандешад. Аз ҷумла, бо розигии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли ҷорӣ дар низоми ИМД тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ ба роҳ монда мешавад. Тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ дар муқоиса бо тарҳи пешин фарқу бартариҳое дорад, ки ба манфиати довталабон аст. Тибқи тарҳи нав аз қисми А (имтиҳони умумӣ), ки онро солҳои пешин ҳамаи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ месупориданд, танҳо як субтест – “Забони тоҷикӣ” ва аз қисми Б (имтиҳони ихтисос)-и солҳои пеш се субтести дигари вобаста ба ҳар гурӯҳи ихтисосҳо пешбинишуда дар як қисм (тибқи номи нав: қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) дохил карда шуд. Яъне, аз имтиҳони умумии солҳои пеш ду субтести охири он (2-юм – “Математика” ва 3-юм – “Таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ”) ба тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ дохил карда нашудааст.

Ҳамин тариқ, довталабон аз рӯйи ихтисосҳое, ки солҳои пеш супоридани ҳар ду қисм – А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос)-ро талаб мекарданд, аз соли ҷорӣ танҳо як қисми имтиҳон – А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11 ум)) ро бояд супоранд. Қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) аз чор субтест иборат аст, ки фанҳои онҳо, ба истиснои субтести “Забони тоҷикӣ”, ки барои ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо субтести умумӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо вобастаанд.

Азбаски солҳои пеш мафҳуми “қисми Б” барои ифодаи “имтиҳони ихтисос” истифода мешуду тибқи тарҳи нав он барои ифодаи “имтиҳон дар заминаи барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ”, ки қаблан “қисми АБ 9 (имтиҳони умумию ихтисос)” ном дошт, ба кор меравад, зарур аст, ки минбаъд қисми Б бо “имтиҳони ихтисос” иштибоҳан як чиз дониста нашавад.

Яке аз ҳадафҳои асосии татбиқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ дар низоми ИМД коҳиши сарборӣ ва фишори равонӣ ба хатмкунандагон аст, ки дар як фосилаи замонии кӯтоҳ (аз соли таҳсили 2018-2019) бояд аз якчанд фан ҳам дар аттестатсияи хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳам дар ИМД имтиҳон месупориданд. Чунин тарҳ барои хубтар омода шудани довталабон ба имтиҳонҳои дохилшавӣ имконияти бештарро фароҳам меорад.

Ҳамасола дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва маҷмӯаи саволу масъалаҳо аз ҳар фанни имтиҳонӣ таҳия ва ба теъдоди зарурӣ нашр карда мешавад. Ҳамаи ин мавод вобаста аз ҳар як синфи хатмкунанда ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ройгон тақсимот ва гунаи электронии ин мавод дар сомонаи Марказ ҷойгир карда мешавад. Бо мақсади ташвиқи хонандагон барои мустақилона кор кардан ва донишандӯзӣ ҳар сол дар ҳар яке аз субтестҳо ҳиссаи муайян (чунончи, соли ҷорӣ то 40 %) и саволу масъалаҳо аз ҳамин маҷмӯаҳо такроран истифода карда мешаванд.

Марказ барои санҷидани донишу малака, инчунин, шинос шудани довталабон бо намунаи саволу масъалаҳои барои ИМД пешбинишуда сохтори субтестҳо, навъи саволу масъалаҳо ва тарзи иҷрои онҳо хизматрасонии “Худро бисанҷ” ро дар ҳолати бархат (онлайн) ба хоҳишмандон фароҳам овардааст. Довталаб ё шахси дигари хоҳишманд ҳамеша аз ин хизматрасонӣ истифода карда метавонад. Пойгоҳи саволу масъалаҳои тест, ки дар хизматрасонии “Худро бисанҷ” ба кор бурда мешавад, пайваста аз ҳисоби саволномаҳои тести ИМД-и солҳои пеш навсозӣ ва пурра мегардад. Истифодаи мунтазами ин хизматрасонӣ барои такмилу мустаҳкамкунии дониш ва малакаю маҳорати шахс мусоидат мекунад.

Дар ёд доред, ки воситаи ягона барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ танҳо донишу малакаю маҳорат аст. Донишу малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабон, ки шумораашон беш аз 100 000 нафар хоҳад шуд, воқеию одилона баҳогузорӣ шуда, довталаби арзанда ҳатман соҳиби номи донишҷӯй мегардад.

Аз таҷрибаи солҳои гузашта маълум гардид, ки баъзе аз довталабон ҳангоми интихоби ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ ба баъзе нофаҳмию мушкилот дучор омадаанд. Бинобар ин, Шуморо ба ҳушёрию бодиққатӣ дар ин самт даъват менамоем.

Омилҳои асосиро дар интихоби ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ бояд ба эътибор гирифт. Довталабон дар интихоби касбу ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ озоданд, аммо интихоб дурандешона ва дуруст бояд бошад, зеро ин дар ҳаёти довталаб муҳим аст.

Аз алоқамандони низоми ИМД эҳтиромона хоҳиш менамоем, барои шаффофу одилона гузаронидани имтиҳонҳо саҳмгузор бошанд, зеро он барои беҳбуд бахшидан ба сифати таълиму тарбия ва пешрафти соҳаи маорифи кишвар заминаи мусоидро фароҳам меоварад. Имрӯзҳо, ки омодагӣ ба бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2020 идома дорад, аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳишмандем, ки дар ҳолати дучор шудан бо шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ё даст задан мехоҳанд, бетараф набошанд ва бо телефони боварӣ – 224-53-68 ё 224-53-66 ба мо иттилоъ диҳанд.

Тавре ки борҳо гуфта шуд, довталабони фаъолу арзандаи солҳои пеш тавассути Марказ бе дахолати ягон шахс, танҳо бо донишу маҳорату малакаи худ комёб шуданд, зеро ин ягона роҳи донишҷӯй шудан аст. Шахсонеро, ки соли ҷорӣ дар ИМД иштирок кардан мехоҳанд, низ дар ҳама раванду марҳалаҳои ИМД ба фаъолу бодиққат будан даъват намуда, барояшон дар супоридани имтиҳонҳо барор мехоҳем!

Бидонед: дониш ва малакаю маҳорат кафили ягона барои сазовори номи донишҷӯй шудан тавассути ИМД аст!


Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона